Arzon march 2024
Даргузашти муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
357

Абдураҳмон Каримзода, муовини раси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 29-уми май аз олам даргузашт. Марҳум Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 55 сол дошт.

Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ барои табобат ба Ҳиндустон рафта буд ва дар ҳамон ҷо даргузашт. Қарор аст, ки ҷасадаш имрӯз ба Душанбе оварда шавад. Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи ҷумъа дар масҷиди Ҳазрати Мавлоно баргузор мешавад.

Абдураҳмон Каримзода 10-уми декабри соли 1968 дар ноҳияи Нуробод ба дунё омада, соли 1993 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм кардааст. Аз 1-уми феврали соли 2021 ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Соле қабл роҳбари ин ниҳод Маҳмадсаид Зувайдзода низ дар пайи як беморӣ аз олам даргузашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД