Arzon march 2024
Дарунравӣ ба кӯдак чӣ хатар дорад?
1377

Дарунравӣ аз зумари бемориҳои сироятиест, ки бештар дар ҳавои гарм кӯдаконро азият медиҳад. Гирифтор шудан ба ин беморӣ дарди шикам, беҳолӣ, бемадорӣ, инчунин аз меъёр зиёд рафтани оби бадан азият медиҳад.

Дарунравиро асосан вирус ва бактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Аз он лаҳзае, ки ротавирус, энтеровирус ва дигар намуди вирусҳо ба организми инсон ворид мешавад, шахсро ҳолати ногувореро фаро гирифта, беморӣ аввалин нишонаҳои худро инъикос менамояд.

Нишонаҳои асосии дарунравӣ се маротиба ё аз ин бештар ахлоти обакӣ кардан, қайкунии пай дар пай беобшави бадан, гум шудани иштиҳои бемор, ташнагии сахт, хушкшавии  луобпардаҳои даҳон, хушкии пӯст бадан ва кам шудани пешоби кӯдак мебошад.

 энтобан

Камобшавии бадан ба бемор хатари ҷиддӣ дошта, агар саривақт пешгирӣ карда нашавад, этимоли зиёди фавт вуҷуд дорад.

Волидон набояд фаромӯш кунанд, ки зиёд қай кардану дарунравӣ кӯдакро лоғару бетоб мегардонад. Аз ин рӯ сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, доруҳои таъин шударо истеъмол кардан муфид аст.

Нуқтаи муҳими дигар ин аст, ки дар аксар ҳолат волидон фикр мекунанд, ки нӯшокии зиёдро ба кӯдакон додан баръакс дарунравиро зиёд мегардонад, вале дар асл чунин нест ва нӯшокии зиёд хатари камшавии оби бадан ва ҳолатҳои ногуворро дур месозад.

 

Кӯдаконе, ки шири сина мехӯранд,модаронро зарур аст, ки бояд тез-тез шир диҳанд. Дар баробари ин маҳлули намакдори регидрон низ организми кӯдакро аз беодшавӣ пешгирӣ мекунад.

Агар шумо ба ин маҳлул дастграсӣ надоред, метавонед онро дар шароити хона низ омода карда ба бемор нӯшонед.

Пешгирӣ ва табобати дарунравӣ

Пешгирии ҳар як беморӣ аз табобати он осонтар аст. Дар хотир дошта бошед, ки нӯшидани оби ноҷушомада, яке аз сабабҳои бемории дарунравӣ мебошад. Инчунин пеш аз истеъмоли меваю сабзавот шӯстани онҳо бо оби гарм муҳим аст. Пеш аз хӯрок, баъд аз қазои ҳоҷат дастонро ҳатман бо собун шустан лозим аст.

Ҳангоми дарунрав будан аз хӯрдани шириниҳо даст кашидан муфид аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ғизои солим барои мубориза бо беморӣ ва баланд бардоштани масъунияти бадан нақши калиди дорад. Дар ин ҳолат беҳтар аст, ки гӯши обпаз, биринҷи обпаз ва ғизоҳои якум дода шавад, то ки пеши роҳи беобшавии организм гирифта шавад.

Бори дигар таъкид месозем, ки дар ҳолати се ё зиёд аз ин рафтани дарун ва қайкунӣ ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намуда, сари вақт бо доруҳо кӯдак ва дар маҷмуъ беморро аз беобшавии организм пешгирӣ намоед.

Саломатии худу фарзандонатонро хоҳонем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД