Имрӯз, 31-уми октябр то соати 17:00 дар баъзе хонаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъминоти барқ муваққатан қатъ мегардад.
Бино ба иттилои шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт, сабаби қатъи барқ анҷом додани корҳои таъмиру пешгирикунанда ва тоза кардани хатҳои интиқоли барқ аз шохи дарахтон мебошад.
Гуфта мешавад, ки барқ дар хонаҳои кӯчаҳои Гипрозем (№30, 30/1, 30/4, 34, 36, 38) ва қисман кӯчаи Ханжин муваққатан хомӯш мегардад.
 
                 
                 
                 
                 
                 
                                                     
                                             
                    