arzon replenishment
Дарвоз: Ҳалокати ронанда ва се мусофир дар садамаи нақлиётӣ
501

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як садамаи марговар дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма хабар дод.

Бино ба иттилои вазорат, 14-уми марти соли 2024, тахминан соати 12:30 дақиқа дар 308-километрии шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз байни деҳаҳои Хостав ва Жак ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Абдулмуминов Убайдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши тарафи чаппи автомашинаи тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда Ғуломалиев Назри Абдулалишоевич, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз самти ноҳияи Мурғоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

- Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи ”Тайота-Ландкрузер” ва мусофирони дар автомашина буда - Алиназаров Муяссар Музаффарович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хоруғ, Тағаймуродов Диловар Мирзомуродович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, Музафаршоев Имомназар Худойназарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шуғнон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Ҷумъаев Ҷонибек Ҷурамуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД