Даъвати ҷавонон ба аскарӣ
аз 1 октябр оғоз меёбад
Шурӯъ аз 1-уми октябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз ёфта, то 31-уми ноябр идома хоҳад кард.
Бо фармони президенти мамлакат имсол ҷавонони аз 18 то 27-сола, яъне солҳои таваллудашон 1999-2008 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки мувофиқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳуқуқ пайдо кардаанд, ки тамоми сол ё пеш аз муҳлат ҷавононро барои хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намоянд.