tobiston
Давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум аз 18-уми август оғоз меёбад
17.07.2025
Oila.tj
51

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 29-уми август дар мамлакат давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин тадбир бо мақсади ба муҳити муассисаи таълимӣ одат кардани кӯдакон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба таҳсил дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат гузаронида мешавад.

Давраи қабули ҳуҷҷатҳо аз 1-уми август оғоз гардида, тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, дунусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД