Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 21-уми сентябр дар Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон ва минтақаҳои Ҳисор ва Рашт баргузор мегардад.
Ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дар даври дуюми озмун 68 ҳазору 360 нафар иштирок карда, 1 ҳазору 744 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд.
Аз ин шумора 169 нафар аз ВМКБ, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.