Arzon march 2024
Давронов гуфт чархаи сеюми "Роғун" кай ба кор медарояд
247

Дирӯз дар доираи сафар ба шаҳру навоҳии минтақаи Рашт рӯзоманигорон, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омадаанд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд.
Меҳмононро муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов роҳбаладӣ карда, толори агрегатҳо ва макони корҳои васлу насби онҳо, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои онро нишон дод. Мавсуф изҳор дошт, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро менамоянд.
Дар ҷараёни ин сафар меҳмонон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуда, ба саволҳои худ аз мутахассисон ин неругоҳ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Қурбонназар Давронов зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, аллакай 65%-и корҳои сохтмону васлгарӣ анҷом ёфта, тибқи лоиҳа соли 2029 корҳои сохтмонӣ пурра анҷом хоҳанд ёфт. Ба иттилои муовини директори НБО "Роғун", дар асоси дастури Президенти кишвар зимни боздид аз нерӯгоҳ қарор аст чархаи сеюми он моҳи ноябри соли 2025 ба кор андохта шавад.
Ёдовар мешавем, ки чархаи аввали он 16-ноябри соли 2018 ва дуюмаш 9 сентябри соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ба кор андохта шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД