Қирғизистон деҳаи Достукро, ки дар ноҳияи Ботканд қарор дорад, бо тамоми хонаҳои навбунёдаш ба Тоҷикистон додааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев имрӯз дар ҷаласаи парлумонӣ доир ба муаррифии лоиҳаи созишнома оид ба муайян кардани марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар додааст.
Қирғизистон ба Тоҷикистон 91 гектар замин дода, ҳамин қадар замин гирифтааст. Барои хонаҳои нав Тоҷикистон ба Қирғизистон 30
гектар замини иловагии обёришаванда додааст. Акнун барои сокинони деҳаи Достук дар Лакол хонаҳои нав месозанд.
Аммо Тоҷикистон маҳз кадом минтақаро ба Қирғизистон додааст, ҳанӯз маълум нест.