arzon november
Диабети қайд: Моҳӣ ва кабудӣ хӯреду аз ширинӣ даст кашед!
171
no-img

 

Зебӣ Қосимова 29 сол мешавад, ки гирифтори бемории қанд аст. Ӯ ба дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд хамасола муроҷиат намуда барои паст намудани сатҳи нишондоди қанди худ табобат мегирад.

Ба гуфти худаш бо пайдо шудани таҷҳизотҳои нави табобати ӯ имрӯз хуб асту зери назорати доимии табибон қарор дорад.

Яке аз сабабҳои пайдо шудани бемории диабети қанд номуътадилии кори узвҳои ҳозима ва мубодилаи моддаҳо буда, дар натиҷаи он вайроншавии кори ғадуди зери меъда ба миён омада, баланд шудани меъёри қанд дар хун мегардад.

Як гурӯҳ камхур ва дигарӣ баръакс мешаванд

Диловар Домулоҷонов, табиби маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд дар суҳбат бо мо қайд кард, ки шахсоне, ки аз бемории диабети қанд азият мекашанд, тез-тез хушк шудани даҳон ва зиёд об нӯшидан мебошад. Нафароне, ки ба диабети қанди навъи 1-ум гирифтор мегарданд, аз камшавии иштиҳо ва баракси онҳо дар гурӯҳи беморони диабети қанди навъи 2-юм дошта баланшавии иштиҳо ба назар мерасад.

Комил Тошматов табиби маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд мегӯяд, гирифторони бемории қанд бояд тавсияҳои мутахасисони соҳаро гӯш карда, парҳезро риоя намоянд. Айни замон дар ҷаҳон 500 млн нафар аз бемории диабети қанд азит мекашанд ва дар вилояти Суғд бошад, теъдоди гирифторони ин беморӣ ба 13 ҳазору 300 нафар расидааст, ки шумораи гирифторон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, ки бори аввал муроҷиат намуданду бемориашон тасдиқ гардидааст 856 нафарро ташкил медиҳад.

                Маслиҳатҳои муфид

 Диабети қанд бемориест, ки метавонад боиси иллатнок кардани рагҳои гурда, норасогии фаъолияти гурдаҳо, бо вайрон шудани рагҳои хунгарди дил сабаби пайдошавии бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард (инфаркт) оварда расонад. Иллатёбии рагҳои мағзи сар боиси ташаккулёбии сактаи мағз гашта, вайроншавии рагҳои пой бошад сабаби пайдоиши гангрена ё тахрифи худи пой шуда метавонад.

Диабет инчунин ба вайрон кардани асаби масона, рӯда ва меъда , вайрон гардидани рагҳои қаъри чашм, хунрезии чашм ва ё осеби биноиш шуда метавонад.

Духтурон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд ҳастанд, метавонед бо анҷом додани тавсияҳои зерин ва машварати пизишкони муолиҷакунанда аз пешрафти бемории диабет пешгирӣ намуда, то ҷое саломатии худро ҳифз намоянд.

  1. Тибқи реҷаи муайяншуда чунин беморон аз истеъмоли шириниҳо, мураббо, асал, шоколад ва шириниҳои мустақими диабетӣ худдорӣ намоед.
  2. Зарур аст, ки бештар моҳӣ истеъмол намоед. Ба ҳадди имкон 5 бор дар як рӯз истеъмоли кабудӣ ва мева тавсия дода мешавад.
  3. Агар сигор мекашед, хатман аз ин одати бад даст кашед. Ҳатто аз мавзее, ки дар он ҷо сигор мекашанд, худро дур гиред.
  4. Варзиши муносиб бо тавсияи пизишк ба ҳифзи саломатии Шумо кӯмак мекунад.
  5. Беҳдошти пойҳоро бо диққат ҳифз кунед, пойпӯши танг напӯшед ва аз захмӣ шудани ангуштони пой канораҷӯӣ кунед.
  6. Дастгоҳи назорати қанди хунро дар хона дошта бошед ва ҳар рӯз қанди хунро саҳар ва бегоҳ назорат кунед.

 

Фарзона Муродӣ

С. Саиданвар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД