arzon replenishment
Дилшод ҳунарҳои тоҷиконаро ба ҷаҳониён нишон доданист
752

 

Бештари сокинони шаҳри Истаравшан бо ин ё он ҳунари қадимаи мардумӣ машғуланд. Дар баробари ба даст овардани ризқу рӯзӣ мардуми шарифи Истаравшан ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷикро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Солҳои охир ҷавонони ин куҳандиёр низ баҳри боз ҳам рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ҷаҳду ҷадал намуда, маҳсули дастони худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ ва пешкаши муштариён месозанд. Яке аз чунин ҷавонони панҷ панҷааш ҳунар Дилшод Раҳимов мебошад, ки 5 сол инҷониб бо дуредгариву кандакорӣ машғул аст.

Хабарнигори сомонаи Оила.тч бо ин устои гулдаст ҳамсӯҳбат шуда, перомуни фаъолияти ҳунарияш қисса мекунад.

              Ҳунар мондагор аст

Дилшод аз хурдӣ мехост ҳунарманд шавад. Меҳри ҳунарҳои мардумӣ хеле барвақт дар дилаш маъво гирифта, диққати ӯро офаридаҳои ҳунармандони имрӯзу пешин мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид. Бо дидани сақфу сутунҳои мунаққашу кандакоришуда дар дилаш эҳсосоти аҷибе пайдо шуда, ӯро ба пайроҳаи ҳунар раҳнамоӣ мекард. Ҳамин буд, ки пас аз хатми синфи 9 вай бо ҳидояти падараш ба Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил шуда, аз паси омӯхтани нозукиҳои ҳунар гашт.

"Ман дар Колеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз рӯи равияи кандакорӣ таҳсил мекунам. Дар ин боргоҳи ҳунар дар баробари аз худ кардани ҳунари кандакорӣ, мо ҳамчуни армуғонсозӣ, муҷассаматарошӣ ва нозукиҳои коркарди бадеии чӯбро меомӯзем. Ҳар боре, ки бо дастони худ ягон асар моефарем, моро шодиву фараҳ фаро мегирад ва аз кори худ завқ мебарем,"-хушҳолона иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Бино ба гуфти Дилшод, ҳунар мондагор аст, зеро асарҳое, ки ҳунармандони пешин офаридаанд, то ҳол побарҷо мондаанд ва имрӯз ҳамчун нигораи таърихӣ ҳифз карда мешаванд.

Аз қалъаи Муғ то маҷмааи Истиқлол

Дилшод Раҳимов дар муддати кӯтоҳ бо мадади устодонаш нозукиҳои ҳунари коркарди бадеии чӯбро аз худ менамояд. Ин ҷавони зирак ва ҳунарманд аллакай мустақилона даҳҳо асар офаридааст. "Қалъаи Муғ", "Маҷмааи Истиқлол", "Кабӯтар", "Нишони Тоҷикистон", "Аспи Рашт" намунаҳои беҳтарини офаридаҳои ӯянд. Мавсуф дар лавҳ ва панноҳое, ки аз чӯб омода кардааст, бештар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистонро инъикос намудааст.

"Мо дар баробари омода кардани армуғонҳо ҳамзамон катҳои кандакоришуда месозем, ки аз қадим миёни мардуми тоҷик шӯҳрат доранд. Ба ғайр аз ин мизҳои шашгӯшаву ҳаштгӯша, курсиҳои мунаққаш, минбар, шоҳмот ва кӯзаҳои чӯбӣ омода мекунем,ки имрӯзҳо ба ин намудҳои маҳсулот талабот хеле зиёд аст",- қисса мекунад Дилшод.

Ин ҳунарманди ҷавон ғайр аз оне, ки бо коркарди бадеии чӯб машғул аст, дару тирезаҳои чӯбӣ низ месозад. Ҳамзамон сақф ва сутунҳои кандакориро тибқи фармоиш омода мекунад. Раҳимов мегӯяд, имрӯз мардум зебоидӯсту зебоипараст гашта, талабот ба ҳунари кандакорӣ афзудааст.

Тарғиби ҳунар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ
Шабакаҳои иҷтимоӣ майдони хубе барои тамоми қишри ҷомеа гардидаанд. Хоса ҳунармандон бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дастранҷи худро тарғиб намуда, фармоиш ҳам мегиранд. Дилшод Раҳимов низ офаридаҳояшро дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм тарғиб менамояд.

"Шабакаҳои иҷтимоӣ майдони хубе барои муаррифии ҳунар мебошад. Ба ин васила мо метавонем фаъолияти ҳунарии худро ройгон ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ман мехоҳам ҳар чӣ бештар асар офарида, ҳунарҳои мардумии халқамонро ба ҷаҳониён нишон диҳам,"- мегӯяд ин ҳунарманди ҷавон.

Дилшод Раҳимов мехоҳад дар оянда бренди махсуси худро таъсис диҳад. Мо ба ин ҷавони гулдасти тоҷик комёбӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД