toyota motors
Директори қаллоб 300 ҳазор сомониро гирифтаву хонахарро фиреб додааст
157

Кормандони милитсия директори ҶДММ “Бодома”-ро бо гумони қаллобӣ боздошт намудаанд.

Тавре Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, ин марди 61-сола, ки ба сифати директори ҶДММ “Бодома” кор мекардааст, ба боварии як зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, санаи 5-уми сентябри соли 2019 бо ваъдаи додани хонаи истиқоматии масоҳаташ 75 метри квадратӣ аз шаҳри Душанбе аз вай 303 ҳазор сомонӣ пул гирифтааст, вале ба қавлаш вафо накарда, маблағро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД