formula
Дӯлма бо барги ток
3546

Дӯлма аз барги токро асосан бо баргҳои наврустаи ток омода менамоянд. Барои ин намуди хӯрок чунин маҳсулот даркор аст:

  • Гӯшти гов – 600 гр;
  • Помидор – 4 дона;
  • Пиёз – 1 дона;
  • Сабзӣ – 1 дона;
  • биринҷ – ним пиёла;
  • барги ток – 50 дона;
  • кабудӣ,
  • хушбӯйкунандаҳо
  • мурч.

Тарзи омода кардани дӯлма:

Гӯштро аз гӯштқимакунак гузаронда, 2 помидори резакардашударо илова менамоем. Пиёзу кабудиҳоро низ майда реза карда, ба гӯшти қима илова мекунем.баргҳои шустаро дар оби гарм тар карда, сипас бо мулоим шуданашон ба онҳо гӯшти қимаро андохта, мепечонем.

Маҳсулоти боқимонда, аз қабили пиёз, сабзӣ ва ғайраро дар равғани рустанӣ бирён карда, як коса об мерзем ва баъдан дӯлмаҳоро ботартиб мечинем. Дар оташи паст дар муддати 45 дақиқа хӯрок омода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД