ДМТ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ
3-уми ноябри соли 2026 созмони раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон QS рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиёро нашр кард, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар радифи онҳо чун ягона МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бори ҳафтум ба ин феҳрист ворид гардид.
Дар раддабандии ҷадид Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби 26,1 хол гардида, дар радифи 39,5%-и беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё шомил гашт.
Ин натиҷаи беҳтарини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раддабандии QS аз соли 2020 то инҷониб маҳсуб меёбад.
ТАНОСУБИ ХОЛҲО БА САМТҲО:
76,7 хол - донишҷӯёни хориҷӣ,
58,8 - омӯзгорону донишҷуён,
56,9 хол - омӯзгорони унвондор,
34,2 хол - рейтинги корфармоён,
25,9 хол - нуфузи академӣ,
16,6 хол - табодули академӣ дар хориҷа
9 хол - омӯзгорони хориҷӣ,
2,4 хол - шабакаи пажӯҳиши байналхалқӣ,
1,9 хол - табодули академӣ дар ДМТ
1,1 хол - мавод дар маҷаллаҳои бонуфуз
___
Дар рӯйхати ҷадид 1722 донишгоҳҳои бонуфузи Осиё ворид гаштанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 191 донишгоҳ зиёд мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар раддабандии ҷадид зиёда аз 420 донишгоҳи Осиё Мавқеи худро боло бурданд, ки миёни онҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ қарор дошт.
Аз 35 кишвари эҳтимолӣ танҳо донишгоҳҳои 26 кишвар шомили рӯйхат гардиданд.
Аз Осиёи Марказӣ ба ҷуз донишгоҳҳои Туркманистон донишгоҳҳои чор кишвари дигар шомил гаштаанд ва дар маҷмуъ 99 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз минтақаро ташкил медиҳанд.
Донишгоҳи миллӣ тавасути чунин раддабандиҳои дигар мавқеи байналхалқии худро устувор кардааст:
1. QS World University Rankings,
2. QS Asia University Rankings,
3. QS Sustainability Rankings,
4. QS World University Rankings by Subject,
5. Times Higher Education World University Rankings,
6. Times Higher Education Asia University Rankings,
7. Times Higher Education Sustainability Impact Ratings,
8. UI GreenMetric, HE Higher Education
_____
Имрӯз донишгоҳ довталабона дар дигар раддабандиҳои соҳавӣ иштирок намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалии таҳсилоти олӣ тадриҷан устувор менамояд.
Зеро, имрӯз донишгоҳ бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои шароиту имкони бештар гашта истодааст.