Arzon march 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 3)
3401

(ИДОМААШ)
Тоҳиру Зуҳро фарзандони ман не, дугоникҳои бетолеи апаи ҷавонмаргам ҳастанд. Ману раҳматии Кибриё ҳам мисли Тоҳиру Зуҳро дугоник будем. Апаам ҳангоми тавлиди фарзанд сари фарзанд рафта, Тоҳиру Зуҳроро ба ман амонат гузошт. Мани наварӯс охирин нишонаи апаи раҳматиамро дар чорсӯйи зиндагӣ танҳою зор партофта натавонистам. Шавҳарам маро дӯст медошт, аз ҳамин хотир розӣ шуд, ки ин ятимакони бадбахтро фарзандхонд карда бигирем. Аввалҳо Тоҳиру Зуҳро аз дигар кӯдакон ягон фарқ надоштанд, вале дар синни ду солагиашон маълум шуд, ки чандон сиҳат нестанд. Ба духтур бурда ташхис кардем, маълум шуд, ки мағзи сарашон иллат дорад. Вақте ки камақл будани Тоҳиру Зуҳроро фаҳмидем, зиндагӣ барои мо тамоми рангу бӯю маъниашро гум кард. Сарамонро ба сад дар зада, онҳоро ба назди тамоми табибу муллою фолбинҳои номдор бурдем, вале ҳолашон ҳеҷ рӯ ба беҳбудӣ наовард. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, Худованд ба худамон ҳам ягон фарзанд надод, то орзую ҳавасҳои диламонро шиканем. Умедвор будем, ки Тоҳиру Зуҳро бароямон фарзанд шуда, дар пирӣ асои дастам мегарданд, вале бо ҳукми тақдир баръакс шуд. Ману шавҳарам девонабон шуда мондем. Вуҷуд доштани Зуҳроро бисёриҳо намедонанд, чунки мо ба ин маҳалла ба наздикӣ кӯчида омадаем. Тоҳир нисбати Зуҳро боақлтар менамуд, барои ҳамин ӯро бо ҳазор орзую ҳавас зан додем, то ормон шиканем. Келинҷон, ин қаср, давлату савлат, зару зевари беҳисоб, хуллас, тамоми боигариамонро ба ту мебахшем. Бовар надошта бошӣ, худи ҳамин рӯз ба идораи нотариалӣ рафта, ҳавлиро ба номат мерос мегузорем, фақат шавҳаратро напарто ва ин сирро дар назди падару модару хешонат нагӯй!

-Майлаш, ман фикр мекунам,-гиряолуд ҷавоб дод Насиба ба хушдоманаш.

Ашки шодии хушдоман

Се шабу се рӯз  фикр карда Насиба ба хулосае омад, ҳарчи бодо бод дар ин хонадон ҳамчун келин мемонад, чунки агар ба хонаи волидонаш баргардад, ҳам даҳони мардуми ғайбатчӣ кушода мешаваду ҳам як умр номаш бева мемонад. “Тақдирам ҳамин будааст! Беҳтараш бо ин ҷавони беақл зиндагӣ карда, дуои неки хусуру хушдоманамро мегирам “,- оҳи сард кашида ба қисматаш тан дод келинчак. Хушдоман пешниҳодашро пазируфтани Насибаро дида аз шодӣ гиря кард ва модарвор ӯро ба оғӯш кашида, ваъда дод, ки ин некии келинашро то дами марг фаромӯш намекунад.

Келини таърифӣ

Насиба баъди он ки дар бораи дар ин хонадон монданаш қарори қатъӣ қабул кард, дасту остин барзада, ҷиддӣ аз паси кору бори хона шуд. Вай ҳамчун келин тамоми масъулиятро бар дӯши худ гирифта, дигар намегузошт, ки хизматгорон хӯрок пазанд, худаш мерӯфт, мешуст, мепухт, медӯхт, хуллас кадбонуи хона гашт. Таърифу тавсифи келини бо дасту панҷаи Фотимахон даҳон ба даҳон гашта, ҳамсояҳо орзу мекарданд, ки Насиба барин арӯси панҷ панҷааш ҳунар ёбанд. Тоҳири девона рӯзи дароз дум-думи арӯсаш мегашт ва бо ҳазлу шӯхиҳои хунукаш ҷони Насибаро ба лабаш мерасонд. Шавҳари девонаавзо гоҳ ба деги келинчак як мушт хок мепошиду гоҳи дигар як коса намак ё рег мерехт ва фиғони Насиба ба фалак печида, таёқ дар даст аз паси вай медавид ва домоди кӯдакфеълро дастгир намуда, зада-зада ба хона медаровард.

Қасди худкушӣ

Падару модари Насиба пас аз баромадани чиллаи арӯсии  духтарашон тибқи анъана ба хонаи қудо омаданд, то келину домодро ба хонаашон талбон кунанд. Насиба пеш аз омадани волидонаш аз хушдоман хоҳиш намуд, ки Тоҳирро бурда дар ошёнаи чорум қулф кунад, то дар назди меҳмонҳо ягон қилиқи хунук карда, сирри камақлиашро фош ва онҳоро шарманда насозад. Фотимахон ин маслиҳатро писандида писари нимҷинниашро ба болохона бурда пинҳон кард. Келину хушдоман меҳмонҳои олиқадрро бо иззату эҳтиром пешвоз гирифта ба меҳмонхона дароварданд. Насиба дар як дам дастурхон кушода, падару модар ва холаҳояшро бо чунон таомҳои бомаза зиёфат дод, ки ангушти ҳайрат газиданд. Модараш ҳеҷ бовар карда наметавонист, ки ин ҳама нӯшу неъматро духтари эркатулфору нозпарварди вай, ки дасташро ба оби хунук намезад, пухтааст. Падари Насиба сари дастархон дар куҷо будани домодро пурсид. Рангу рӯйи Фотимахон бо шунидани ин савол канд, Насиба бошад, барои аз вазъияти ногувор баровардани хушдоманаш базӯр табассум карда гуфт, ки Тоҳир ба кор рафтааст.

-Дар куҷо кор мекунад?-Кунҷкобӣ намуд падараш.

-Дар як корхонаи бонуфуз, –Насиба, ки  то ин дам ҳеҷ гоҳ ба волидонаш дурӯғ намегуфт,  ин гапро гуфта истода ҳис кард, ки рӯяш аз шарм якбора алов гирифт. Келинчак суп-сурх шуда, бо баҳонаи  чой дам кардан ба берун баромаданӣ шуд, вале ҳамин дам садои воҳиманоки хидматгор баромад, ки дод мезад:

-Холаи Фотима, давед, ки Тоҳир худаша аз тиреза кашол кардааст!

Фотимахон ва қудоҳояш баробар аз ҷояшон ҷаста хестанду тозон ба берун баромаданд. Дар ҳақиқат Тоҳир худашро аз тиреза овезон карда, майли худкушӣ намудан дошт.

-Ҳой бача, ту чӣ кор карда истодаӣ?-Ҷонҳавл дод зад модараш.

-Оча, арӯсам маро дӯст намедорад, шумо ҳам маро девона гуфта дар ин хона маҳкам кардед, чунин зиндагӣ ба ман чӣ даркор? Беҳтараш худамро мекушам,-Фиғон кашид Тоҳир аз баландӣ.

Гапҳои домодаш дар дили падари арӯс шубҳа афканду пурсид:

-Қудо, худаш чӣ гап? Ҳозиракак гуфтед, ки Тоҳир дар кор аст, вале ин бача...?!

-Қудоҷон, чӣ ҷойи пинҳон кардан, писарам бемор аст. Ман кайҳо касал будани Тоҳирро ба Насибаҷон гуфтам, -Сар ба зер афканда урз пеш овард Фотимахон.

-Ман бо ин умед духтар калон накардаам, ки билохира ба як бачаи девона диҳам. Насиба, зуд чизу чораатро ғундор, мо худи ҳозир туро аз ин ҷо мебарем,-Амр кард падари келин, вале арӯсак сар ҷунбонда гуфт:

-Дадаҷон, очаҷон, зиқ нашавед, ин як бемории муваққатӣ аст, ки гоҳ-гоҳ дар фаслҳои баҳору тирамоҳ хуруҷ мекардааст. Як соат пас мебинед, ки Тоҳир боз сип-сиҳат мешавад.

Тоҳирро хидматгорон бо азоб аз тиреза гирифта зӯран ба хона дароварданд. Падару модари Насиба ҳамоно ду пояшонро дар як мӯза андохта, мегуфтанд, ки мо духтарамонро мебарем, шумо писаратонро бурда табобат кунед, сиҳат шавад, баъд рафта занашро мебиёрад, нашавад, дигар ба умеди Насиба нашавед.

-Хафа шавед ҳам, ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Шумо худатон маро ба ҳамин бача  ба шавҳар додед. Акнун девона аст, ҳушёр аст, ҳар чи бошаду набошад, вай шавҳари ман ва ин хона хонаи бахти ман аст. Ман аз ин хона рафта номи бади бевагиро бар дӯши худ намегирам. Тақдир чунин будааст, ман бо тақдири азалӣ ва бо Худованд исён карданӣ нестам,-Бори аввал дар умраш аз амри волидонаш саркашӣ намуд Насиба.   

-Духтарам, маро насӯзон! Кадом бахт? Магар бо ҷавони девонаавзоъ ту хушбахт шуда метавонӣ?! -Модар ашкрезон зорӣ мекард, ки ҳамроҳашон равад, вале арӯсак ду пояшро ба як мӯза андохта, сар намефаровард.

-Духтарам, мо намедонистем, ки ин бача девона аст, барои ҳамин ҳаёти туро сӯзондем. Парво накун. Як моҳ нагузашта беҳтарин ҷавонро меёбему боз туро бо тӯю тамошо ба шавҳар медиҳем,-Насибаро бо ваъдаи бахт нарм карданӣ шуд холааш, вале вай ҳам ба мурод нарасид.

-Ту фарзанди ман ҳастӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ бо мо меравӣ,-Амр кард падар.

-Намеравам гуфтам, намеравам!-Дод зад Насиба, ки дар тӯли беш аз як моҳи хонадорӣ асабҳояш тамоман хароб шуда буданд ва худаш аз овози худ шарм дошта, узр пурсид:-Маро бубахшед дадаҷон, вале бо шумоён рафта наметавонам.  Бовар кунед, аз тақдир гурехта намешудааст, агар ризои Худованд намебуд, магар бо ҳамон қадар эркагию азизӣ ман ба ҳамин ҷавон мерасидам?! Ягон кори Офаридгор бе ҳикмат нест, канӣ бубинем, ману Тоҳирро Худованд бо чӣ мақсад бо ҳамдигар пайвастааст...

Падару модари Насиба дигар бо духтарашон баҳс карданро беҳуда дониста бо қалби хиҷил хайрухуш карда рафтанду Фотима-хола келинашро оғӯш карда гуфт:

-Ту акнун арӯси ин хонадон не, духтари мо ҳастӣ!

Девонаи ба кори худ ҳушёр

Шабона Тоҳир ба берун баромад. Насиба аз паҳлӯ ба паҳлӯ гашта, тақдири ояндаашро фикр мекард. Аз байн қариб як соат гузашту ҳеҷ аз шавҳари девонаавзоаш дарак нашуд. Келинчак ташвиш шуда ба ҳавлӣ баромаду садо кард:

-Тоҳир, ҳой Тоҳир!

Ҷавобе нашунид. 

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД