sebiston july new
Донишҷӯ бо марги худ 7 нафарро аз марг наҷот дод
25.02.2023
Оила
1032


Қарори Генри Макман, донишҷӯи Донишгоҳи Висконсин-Медисони ИМА, ки соли 2013 аз бемории менингит (илтиҳоби пардаҳои майнаи сар) дар 21- солагиаш даргузашт, номи ӯро ҳамчун донори фидокор дар дафтари таърих сабт намуд.

Номи Генри дар авроқи зиндагӣ бо амале ҷовидон шуд, ки тавассути донори узвҳои солими худ ҷони 7 нафарро аз марг наҷот дод. Ӯ тасмими донориашро қабл аз поёни сарнавишт дар номае интишор намуд, ки аз дохили шаҳодатномаи ронандагиаш ба дасти пайвандон расид.

Агарчи марги фарзанд доғи ҳамешагӣ дар дили волидон аст, вале чунин фидокорӣ қалби модари Генриро то ҳадде тасалло бахшида, ки дар вебсайти CaringBridge чунин навиштааст: «Мо ҳама фахр мекунем, ки Генри донори узв шуд ва амалеро тарғиб кард, ки ба ҳизфи ҳаёти инсонҳо бастагӣ дорад».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД