Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо зиёда аз 60 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Корея, Италия, Испания, Олмон, Туркия, Чин, Федератсияи Россия, Белорус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, дар доираи ин созишномаҳо соли равон 3 нафар донишҷӯён барои таҳсил ба Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея сафарбар гардидаанд, ду нафари дигар бошанд, ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои Виго ва Кадиси Шоҳигарии Испанияро ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз, 27-уми июл ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон профессор Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар идомаи суҳбат Назарзода зикр намуд, ки пас аз таҷлили ҷашни Истиқлолият донишҷӯёне, ки дар “Маҳфили зарифон” баромад карда буданд, барои таҳсил ба кишвари ҳамсояамон Узбекистон фиристода шуда, дониши худро дар самти суғурта такмил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки 27 нафар омӯзгорони донишгоҳи тиҷоратӣ низ дар нимсолаи аввали соли 2026 бо мақсади такмили малакаи касбӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Аз ҷумла дар доираи барномаи Иттиҳои Аврупо “Эрасмус+”онҳо дар Донишгоҳи Билефелди Олмон ваДонишгоҳи Сантяго-де-Компостелаи Шоҳигарии Испания аз омӯзиш гузашта, таҷрибаи андӯхтаи хешро дар такмили барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим истифода мебаранд.