sebiston july new
Донишгоҳи Аграрӣ ба донишҷӯён хӯроки ройгон медиҳад
583


Сурх шудани даруни картошка як чанд сабаб дорад, яке аз онҳо пайдо шудани пигментҳо ва дигар ин навъи онҳо мебошад. Истеъмоли чунин навъи картошка ба саломатӣ бехатар мебошад.

Ин савол дар нишасти хабарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур вокунишҳои зиёдро миёни иштирокчиён ва мутахассисон соҳа ба бор овард.
Дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон 314 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ин нуқтаро Маҳмадёрзода Усмон, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қайд кард.

Донишҷӯёни ятими кул, ки 26 нафар ва донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, ки 11 нафарро ташкил медиҳанд, аз тарафи донишгоҳ пурра бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд ва ба хоҳишмандон хобгоҳи ройгон таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, ба ин гурӯҳи донишҷӯён дар як рӯз як маротиба хӯрок гарми ройгон дода мешавад. Соли гузашта,120 нафар хатмкунандагони буҷавии донишгоҳ ба ҷои кор таъмин карда шуданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД