arzon replenishment
Донишкадаи техникӣ дар НБО "Роғун" кафедра кушод
522

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» филиали кафедраҳои неругоҳҳои электрикӣ, иншооти гидротехникӣ ва зеризаминӣ, автоматикунонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот ва истифодабарии нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ расман мавриди истифода қарор дода шуд.

Филиали кафедраҳо дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни ҶСК НБО «Роғун» ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ки 5 сентябр ба имзо расонида шуд, таъсис дода шуданд.

Таъсиси филиали кафедраҳо бо мақсади ба роҳ мондани таҳсилоти дуалӣ буда, дар ин замина кормандону муҳандисони НБО «Роғун» бо истифода аз иқтидори кадрии донишгоҳ ба машғулияти такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуда, донишҷӯёни ихтисосҳои энергетика, сохтмон, нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ин иншооти стратегӣ таҷриба меомӯзанд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникӣ муассисаи бонуфуз ва базавии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва нақлиёт кадрҳои баландихтисос омода менамояд, ки онҳо дар корхонаҳои ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.

Устодону муҳаққиқони донишгоҳ пайваста оид ба самтҳои гуногуни бунёди НБО «Роғун» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, то имрӯз зиёда аз 100 мақолаву монография ва 5 рисолаи илмии номзадӣ таҳия ва ҳимоя намудаанд.

Имрӯз дар коргоҳи азими «Роғун» ҳазорон нафар аз манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар бунёди он саҳми сазовор гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар зиёда аз 40 ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роғун» теъдоди зиёди хатмкунандагони Донишгоҳи техникӣ, муҳандисону мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда беш аз 90 фоизи шумораи умумии кормандони ҶСК «Роғун»-ро ташкил медиҳад.

Ҳоло филиали кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика, ҶСК «Азот» ва НБО «Варзоб» фаъолият менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД