shoh palace
ДОТ: Киҳо ба манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд?
835

 

“Айни ҳол дар шуъбаи рӯзонаи сурдропедогог, яъне омода кардани мутахассисони забони имову ишора 61 нафар ва дар шуъбаи фосилавӣ 69 донишҷӯ таҳсил мекунад. Донишҷӯёне, ки дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд, ба ҷойҳои кор таъмин мебошанд. Дар ин самт танқисии кадрҳо дида намешавад.”

Ин дар ҳолест, ки аксари шахсони дорои нуқсони шунавоидошта мегӯянд, ки ба иттилоот дастрасӣ надоранд ва дар ҷойҳои лозимӣ наметавонанд, фикрашонро фаҳмонанд ё андешаи дигаронро бифаҳманд.

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии имрӯза оиди ин масъала равшанӣ андохтанд. Номбурда дар баробари ин, оиди дастгириҳои донишҷӯёни маъюб ва ятими кул изҳори назар намуд. “Дар донишгоҳ 61 нафар донишҷӯёни ятимони кул таҳсил мекунанд, ба стипендияашон 100 сомонӣ илова карда шуд. Дар арафаи соли ба ин гурӯҳи донишҷӯён 200 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида аз имтиёзҳои худ бархӯрдор ҳастанд”, гуфт ӯ.

Ректор аз лоиҳакашии манзили истиқоматӣ дар маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе хабар дод. «Бино баландошёна буда, аз 204 хонаи истиқоматӣ иборат аст. Мувофиқи лоиҳа ҳуҷраҳои хонаҳо хеле васеъ ва барҳаво мебошанд ва баъди қарори Раиси шаҳр ба сохтмони он оғоз мекунем»,-илова кард ректор.

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дорои 14 факулта, ҳафт бинои таълимӣ ва 63 кафедра буда, бо марказҳои Конфутсӣ, сафоратхонаҳои кишварҳои Қазоқистон, ҚирғизистонЮ ТУркменистон, Узбекистон, Фаронса, Украина, Белорусия, Олмон, Русия, ИМА ва зиёда аз 93 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии хориҷи кишвар ҳамкории судманд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД