formula
Дӯстӣ ва Шаҳритуз: Хориҷиёну бешаҳрвандон соҳиби гувоҳнома шуданд!
711

 

Дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ, ҷамаоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз ба як қатор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд соҳиби гувоҳномаи иқомат шуданд.

Тавре вазорати корҳои дохили хабар додааст, дар вилояти Хатлон вохӯрӣ миёни Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва намояндагони ВАО баргузор гардид.  

Ба хотири таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1652 аз 18 декабри соли 2019, «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди кишвари мо қарор доранд», ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207 -7 аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои барориши соли 2014, дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку ноҳияҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ гузаронида истодаанд.

Дар хабар омадааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД