arzon replenishment
Ду ҳодисаи хунин дар Мастчоҳ: Якеро куштанду дигариро бо каланд заданд!
1315


Дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи ду муноқишаи хунин як марди 40- сола кушта шуда, марди 47- солаи дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ гардидаст.

Марди вафот карда бар асари луту кӯб аз ҷониби рақибаш аз зарби мушт ба ҳалокат расида, ба сари дуввумӣ ҳангоми ҷанҷол об бо каланд задаанд.
Ҳарду ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳия Мастчоҳ сар зада, гумонбарон ва ҷабрдидагон ҳамагӣ сокинони деҳаи Пастиғави ҷамоати мазкур мебошанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, Ҳусейнов Хуршед Ҳусейнович, ки қаблан барои таъмаҷӯи суд шудааст, дар ҳудуди бозори ҷамоати деҳоти Оббурдон аз ҳиссиёти авбошӣ бо Мирзоев Мирзоаҳмад Аҳмадович муноқиша намуда, номбурдаро бераҳмона зери мушту лагад мегирад. Дар натиҷа Мирзоаҳмад бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон меафтад. Талошҳои табибон барои наҷот додани ҷони ин ҷавонмарди 40-сола натиҷа надода, Мирзоаҳмад пас аз 12 шабонарӯз бар асари ҷароҳатҳои аз зарби мушти Хуршед бардоштааш ба ҳалокат расид.

Гумонбари ҳодисаи дигари хунин сокини ҷамоати Оббурдон Илҳом Юлдошев барои истифодабарии оби полезӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи Юсуф Вафо бо ҳамдеҳааш Ҳасанов Раҳимбек ҷангу ҷанҷол карда, дар рафти моҷаро бо каланд ба сари рақибаш задааст. Дар натиҷа Раҳимбек Ҳасанов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Айни замон нисбати гумонбарон Хуршед Ҳусейнов ва Илҳом Юлдошев бар асоси қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “ қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг” парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД