Arzon march 2024
Дугонакуш. Қиссаи бевазане, ки бо “шантаж” соҳиби бахт шуд (ҚИСМИ 1)
3448

Дилдодаҳо

Розия бо шавҳараш Шоҳин бо ишқу муҳаббат хонадор шуда буд. Онҳо якдигарро чунон дӯст медоштанд, ки лаҳзае бе якдигар буда наметавонистанд. Ишқу муҳаббаташон дар деҳа афсона гашта буд. Шоҳин дар роҳи ишқ мардона қадам гузошта, ба хонаи падари Розия хостгор фиристод. Ҷавонон бо тӯю тамошо риштаи тақдирашонро бо ҳам пайвастанд. Худованд ба онҳо як духтару як писари зебои заркокул дод. Розия худро хушбахттарин инсон меҳисобид, чунки боре на аз забони модаршӯяш ва на аз забони шавҳараш ҳарфи баде нашунида буд.

Ташнаи фарзанд

Ӯ маълумоти олӣ дошту дар деҳа муаллима шуда, кор мекард. Бечора авсунаш, ки тӯли ҳашт сол боз хизмати ин хонадонро ба ҷо оварда, то ҳол фарзанддор нашуда буд, то аз мактаб баргаштани Розия кӯдакони ӯро модарвор нигоҳубин мекард. Хушдоманаш бисёр зани меҳрубон ва ғамхор буд, аз ҳамин сабаб ҷавонзани ташнаи фарзанд намехост ин хонаро тарк карда, аз шавҳараш ҷудо шавад.

Нағмаҳои шавҳари меҳрубон

Магар ба зиндагии Розия чашми бад расид ё чизи дигар, ки вақтҳои охир шавҳараш Шоҳин бо андак баҳона ба сари ӯ дод зада, ҷанҷол мебардоштагӣ шуда буд. Розия, ки пештар боре ҳам аз забони шавҳараш чунин суханони бадро нашунида буд, дарун-дарун месӯхт.

Рӯзе барои холӣ кардани дарди дилаш ба хонаи як дугонаи ҷониаш рафт. Садаф беҳтарин дугонаи Розия буд ва ҷавонзан ба ӯ рози ниҳонашро ифшо месохт. Шавҳари Садаф чанд сол пеш дар Русия бе ному нишон гашта буд. Садаф ба тиҷорат машғул шуда, аробаи зиндагиашро худаш мекашид.

Дугонаҳо гарм аҳволпурсӣ намуданд ва дугонаашро ба меҳмонхона дароварда шинонду барои пухтани хӯрок ба ошхона рафт. Дере нагузашта ба телефони Садаф, ки дар рӯи миз меистод, паёмак омад. Розия рақамҳои телефони шавҳарашро дида, ҳайрон шуд. Беихтиёр смс-ро кушод. Паёмаки ошиқонаи шавҳарашро ба дугонаи ҷониаш хонда, ҳуш аз сараш парид. «Садаф, ҷонакам, имшаб ба наздат меоям! Ягон хӯроки болаззат тайёр кун» навишта буд Шоҳин.

Розия ба Садаф чизе нагуфта, бо димоғи сӯхта аз хонаи дугонааш баромад.

Оташи рашк

Гирякунон ба хона омада, воқеаро ба хушдоманаш нақл кард. Модаршӯяш ӯро навозиш карда, тасаллӣ дод, ки ғамгин нашавад, Шоҳин ӯро дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ намепартояд.

Шаб шуд, аммо аз Шоҳин дарак набуд. Розия чанд маротиба ба шавҳараш занг зад, вале беҳуда, телефонаш низ хомӯш буд.

Рашки ҷигарсӯз нагузошт, ки ҷавонзан то саҳар мижа таҳ кунад.

Субҳ бо чашмони варамида ба дарс рафт, вале ҳушу ёдаш ба Шоҳин банд буд. Шаби дигар ҳам Шоҳин ба хона наомад.

Розия аз рашк қариб девона мешуд. Косаи сабраш лабрез гашта, ба дугонааш занг зад ва таҳдидкунон гуфт:

- Шавҳарамро ба ҳолаш гузор, вагарна туро ба суд медиҳам!

Садаф бепарвоёна «дугонаҷон, чӣ коре мекунӣ, кардан гир, аздусар ба мақсад намерасӣ, чунки ман аз шавҳарат ҳомиладорам» гӯён, телефонро хомӯш кард.

Бо шунидани ин сухан телефон аз дасти Розия ба замин афтод.

Сирри фошгашта

Нисфирӯзӣ Шоҳин ба хона омад. Модараш ба сари ӯ ҷанҷол бардошт. «Ба ин гапҳои дурӯғ бовар накунед, модарҷон»,- гӯён, даст афшонидани шавҳараш ғазаби Розияро оварда, дод зад:

- Чӣ хел дурӯғ, Садаф бо забони худаш гуфт, ки аз ту ҳомиладор аст?!

Бо шунидани ин сухан рангу рӯи Шоҳин пахта барин сафед шуда, пичиррос зад: «Агар ин гап рост бошад, Садаф дар назди ҳамсояҳо шарманда мешавад».

Фирори маъшуқа

Вуҷуди Шоҳинро тарс фаро гирифта, ҳамон бегоҳ ба назди Садаф рафт, то ягон роҳи ҳалли ин масъалаи муҳимро ёбанд, вале Садаф ба исқоти ҳамл кардан розӣ нашуд. Бевазани тоҷир пули калон ки дошт, зуд илоҷи корро ёфта, аз шаҳр як хонаи якҳуҷрагӣ хариду кӯчида рафт.

Розия хабари ба шаҳр кӯчида рафтани Садафро шунида, каме ором шуд, вале…

Сурайё РАБИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД