Духтари чандиртарини ҷаҳон
15.11.2025
Oila.tj
135

Либерти Баррос, духтари 15-солаи англис аз шаҳри Слау (Бритониё) бо чандирии ҳайратангези худ ҷаҳонро ба тааҷҷуб овардааст. Вай ба осонӣ ба ҳолатҳое медарояд, ки хеле тааҷҷубовар аст.

Либерти аллакай ба кишварҳои гуногун даъват мешавад, аз ҷумла Тайланд, Малайзия, Португалия ва ИМА. Ӯ дар барномаҳои сирк бо ҳунарҳои акробатии худ ширкат мекунад ва ҳаракатҳое нишон медиҳад, ки кам кас қодир аст иҷро кунад.

Падару модараш Рам ва Элизетт аз истеъдоди фарзандашон дар ҳайратанд. Падараш, ки ҳоло ҳамзамон менеҷери ӯст, мегӯяд: «Ин воқеан аҷиб аст, табибон ҳам намедонанд, ки чаро ӯ метавонад чунин чандир бошад. Либерти духтари аҷиб аст».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД