shoh palace
Духтари ҳисорӣ ба хотири бародаронаш худро қурбон кард
1126


Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ! Агар дар ёд дошта бошед, дирӯз мо дар бораи ба дарё афтидани як духтари 15-сола дар шаҳри Ҳисор хабар дода будем.

Ҳодиса тахминан соатҳои 16-и бегоҳ сар зада мардуми маҳаллӣ то фаромадани пардаи ториқӣ ҳама дар ҷустуҷӯӣ ин духтари ба хотири наҷоти бародаронаш дар дарё ғарқшуда буданд. Имрӯз хабар расид, ки Аминаи нокомро билохира пайдо кардаанд.

Як сокини маҳаллӣ бо шарти ошкор накардани ному насабаш ба хабарнигорони сомонаи Оила. ТЧ гуфт, ҷисми бе ҷони Аминаи нозанинро тахминан соатҳои 19.30 аз дарёи Хонақоҳ ёфтаанд.

"Амина ҳамроҳи бародаронаш аз хонаашон, ки дар деҳаи Гачаки шаҳри Ҳисор воқеъ будааст, ба хонаи бобою бибиаш ба деҳаи Навобод меҳмонӣ меравад, вале дар бозгашт додараконаш ба дарё меафтанд".

Баробари дидани ин манзараи мудҳиш ин духтари қаҳрамон ба хотири наҷот додани бародаронаш худро ба оғӯши дарёи Хонақоҳ мезанад.

Ба Амина муяссар гаштааст, ки бо талошу ҷонбозиҳои зиёд додараконашро аз об барорад, вале худ аз ҷанголи мавҷҳои маргбори дарё раҳоӣ ёфта натавониста ғарқ шуд. Шомгоҳон ҷисми бе ҷони ин духтари муборизро аз дарёи Хонақоҳ пайдо карданд.

Имрӯз ҷанозаи Аминаи ноком дар деҳаи Гачаки шаҳри Ҳисор барпо гашта, волидони ҷигархун ва пайвандони дилсӯхтааш ин гули зебои ҳанӯз ношкуфта хазон гаштаро бо дидаҳои ашкбор ба водии хомӯшон гусел мекунанд.

Мо ба пайвандони ин духтараки қаҳрамон дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоста, дуо мекунем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД