Аз 21 то 26-уми октябр дар шаҳри Душанбе VIII-умин Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» баргузор мегардад.
Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Муғулистон иштирок хоҳанд кард. Тоҷикистонро театрҳои лӯхтаки Бӯстон, Бохтар ва Душанбе намояндагӣ мекунанд. Театри лӯхтаки Душанбе намоишномаи миллӣ дар бораи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми тоҷикро пешкаши тамошобинон менамояд.
Фестивал ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, аз соли 2007 дар кишвар ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад.