Arzon march 2024
ДУШАНБЕ: РОНАНДА МОДАРУ КӮДАКРО ПАХШ КАРДУ ГУРЕХТ, АММО...
3650


Вазорати умури дохилӣ аз боздошти ронандае хабар додааст, ки модар ва кӯдакро бо мошинаш зад, аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.

“Тавре ки аз наворҳои камераҳои назоратӣ мушоҳида карда мешавад, автомашинаи тамғаи “Хундай” роҳи пиёдагузар-пешеход ва хати ҷудокунандаи роҳро ба инобат нагирифта, модар ва кӯдакро мезанад”,- хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД дар шаҳри Душанбе.

Пас аз воқеа автомашина аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум ғайб зад. Тибқи маълумоти “Азия-плюс” ки аз милитсияи шаҳрӣ ба даст овардааст, зан ва кӯдак бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона раҳсипор шудаанд.
Дар рафти амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари ҳодисаи мазкур, ронандаи автомашинаи “Хундай”, рақами давлатиаш 0046 RR 01, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Анушервон Раҳмонов дастгир карда шудааст. Ҳамон шаб Анӯшервон Раҳмонов мошинро бо суръати хеле баланд рондаву қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар роҳи пиёдагузар зан ва кӯдакро бо мошинаш зада, баъдан аз тарс аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД