formula
Дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ (ҚИСМИ 1)
1337

 

Кампири Майсара ва мӯйсафеди Ашӯр дар бисоташон ҳамагӣ як писар доштанд ва бо садҳо орзуҳои ширин ӯро Худойдод ном ниҳоданд. Ба хотири орзуву ҳавасҳои дилашонро шикастан пиру кампир писарашонро дар синни 18-солагӣ хонадор карданд.

Писарашон донишҷӯи курси аввал ва ҳанӯз роҳкирои худашро кор карда натавонад ҳам, ин зану шавҳари ташнаи фарзанд келинашонро насиҳат мекарданд, ки пай    дар пай таваллуд карда, хонаро пур аз бача кунад. ”Духтарам, ҳоло ки ҷавон ҳастӣ, таваллуд кардан гир, то вақте ки ману амакат зинда ҳастем, намегузорем, ки ту ва фарзандонат аз чизе танқисӣ кашед. Мардро бо фарзанди бисёр ба зиндагӣ пойбанд кардан лозим”,- насиҳатомез мегуфт хушдоманаш ба Заррина.

Заррина, ки худаш хеле барвақт аз модар ятим монда, сағерадухтари азияткашидае буд, модаршӯяшро ба ҷойи модар дониста, ҳаргиз аз хати кашидаи хушдоманаш берун намебаромад. Бо маслиҳати модаршӯяш ин ҷавонзани деҳотӣ баъди писарони дугоникаш ду духтари дугоник - Фотимаю Зуҳроро ба дунё овард ва ҳамин тавр то хатми донишгоҳ Худойдод падари 5 фарзанд гашт, аммо...

Ишқи марди зандор

Худойдод замони дар курси охирини донишгоҳ таҳсил карданаш ба Нозанин ном духтари соҳибҷамоли шаҳрӣ ошиқи зор шуда монд. Ин ҷавонмарди маккор хуб медонист, ки агар ин нозанини шаҳрӣ зану фарзанд доштанашро фаҳмад, дар ду дунё ба рӯяш ҳатто нигоҳ ҳам намекунад. Вай худашро ба волидони Нозанин муаррифӣ намуда, гуфт, ки бо сабаби сағерагӣ то ҳол хонадор нашудаасту духтари онҳоро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад. Волидони духтар одамони сарватманд буданд ва аз ҳисоби худашон тӯйи дакаданге ороста, сари ду ҷавони ошиқро ҷуфт карданд.

Дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ

Худойдод баъди хатми донишгоҳ бо кумаки хусури наваш ба тиҷорат оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли зиёде гашт. Акнун вай дер-дер ба деҳа омада, мудом серкориашро баҳона мекард. Беҳуда дар урфият “якзанаро як бари рӯяш сиёҳу дузанаро ду бари рӯяш” нагуфтаанд. Худойдод низ дузана шуда, ба як марди чилдурӯғ мубаддал гашта буд. Вай дар як моҳ як ё ду маротиба “занакҷон, ман ба сафари тиҷоратӣ меравам” гуфта, ба деҳа назди падару модар ва зану фарзандонаш мерафт ва ба саволҳои бешумори онҳо дар бораи сабаби дер-дер ба хона омаданаш посух медод, ки дар шаҳр кораш аз мӯйи сараш бисёр аст. “Хаёл мекунед, ки пулёбӣ кори осон аст, барои сер кардани шиками шумоён шуда, ман дар шаҳр на шаб хоб дораму на рӯз орому қарор” мегуфт бо миннат ин марди дузана ва ду оиларо фиреб медод, аммо...

Туҳфаи илоҳӣ

Тақдирро бинед, ки зани дуюми Худойдод ҳам дугоник таваллуд кард. Нозанин, ки бойдухтар буд, дар хонааш хизматгор дошт, бар замми ин, барои нигоҳубини фарзандонаш боз як зани дигарро доя гирифта, дар шашмоҳагии кӯдакон ба кор баромад.  

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД