formula
Ё САРНАВИШТИ ТАЛХИ ТОҶИКДУХТАРЕ, КИ ШАВҲАРИ МИЛЛИОНЕР МЕХОСТ (ҚИСМИ 6)
20.05.2021
Дилошӯб
8778

ИДОМААШ...

Ҳуҷраи тоҷикӣ қолини зебои сурхи ҷигарӣ якандозҳои бахмали сабз ва даҳ болиши ҳамранги он дошту болои хонтахтаи мунаққаш чойники машҳури қаранфулгули зебо чор пиёла ва тақсимчаҳо бо гулҳои миллӣ меистоданд. Судайс тамоми шарту шароити хонаро ба Дилҷӯ фаҳмонда доду худаш пайи иҷрои корҳояш ба шаҳр баромад. Ҳамин тавр Судайс як ҳафта бо Дилҷӯ монд, ӯ духтарро ба оғӯш мекашид аз бари рӯ ё пешонааш мебусид, шӯхӣ мекарду механдид, аммо то ҳол завқашро чун як мард ба Дилҷӯ нишон намедод. Судайс ба нею нестони духтар нигоҳ накарда барояш зани миёнсоли яҳудиеро ба ҳайси пешхизмат гирифт. Дилҷӯ аз таҳти дил ба хондан камар баст…

                               Мард не, муаммо…

Дилҷӯ ба Судайс ошиқ шуда буд, аммо мард ҳеҷ не, ки дари дилашро ба рӯйи духтараки ошиқ кушояд. Дилҷӯ медонист, ки Судайс, ӯро баробари ҷонаш дӯст медорад. Вагарна кадом мард, ба як нафар духтари бегона ин қадар пулу мол сарф мекунад? Оё каманд табибоне, ки бо гирифтани пули хуб тайёранд аз ҷону дил хизмати дилхоҳ марди пулдорро кунанд? Ин ҳама барои Дилҷӯ муаммо буд, баъзан дилаш аз зиққӣ кафида ба Марго хизматгори яҳудияш рози дил мекард…

Марго аслан дар Бухоро бузург шуда баъди барҳам хурдани шуравӣ ҳамроҳи аҳли оилааш ба Амрико, баъдан ба Англия кӯч баста будааст. Марго ба забони тоҷикӣ ниҳоят хуб сӯҳбат мекунад, ӯ бо шухӣ мегӯяд:- Медонӣ Дилҷӯям, ман дар Бухоро аз забону адабиёти тоҷик дарс мегуфтам. Чун ба Амрико омадем, гумон кардам, ки акнун забони форсидонии ман ба кӣ лозим аст? Вале як гурӯҳ эрониён аз ман хоҳиш карданд, ки ба фарзандони эшон дарс гӯям. Шавҳарам аз дунё гузашту духтарам маро ба Англия даъват кард, зеро ҳамин ҷо кору зиндагӣ мекунад. Домоди зихнаам, ки шабушкашро кушта хунашро мелесад, бо омадани ман ҷони духтарамро ба лабаш овард, ки ту як нонхӯри зиёдатиро куҷо овардӣ?! Ман барои он ки нонхӯри зиёдатӣ набошам ба ширкате рафтам, ки барои сарватмандон хизматгор қабул мекунад, дар он ҷо пурсиданд, ки кадом забонҳоро медонӣ, гуфтам англисию русию узбекию форсӣ… Ду рӯз пас телефон карданд, ки биё барои шумо кор ҳаст… Ана ҳамин тавр ман хизматгори ту шудаму домоди зихнаам ҳам зунукашро гирифт. Дилҷӯ Маргои меҳрубонро хеле дӯст медошт ва модарона ба ӯ рози дил мекард, ана ҳамин зани дунёдида ба Дилҷӯ гуфт, ки марди араб туро месанҷад. Зеро ту барои ӯ бегона ҳастӣ, бовар кун ҳамин, ки аз имтиҳонаш гузаштӣ туро ба занӣ мегирад. Холаҷон (Дилҷӯ тоҷикона Маргоро чунин меномид) Худо гӯй агар ман зани ин марди тиллоӣ шавам туро ҳамроҳам мегирам, хизматгор не, ёрдамчӣ. Ҳамроҳи ман кӯдакҳоямро калон мекунӣ…. Дилҷӯ орзу мекарду Марго даст ба рӯй кашида омин мегуфт…

                             Ғурури арабӣ…

Судайс бо Дилҷӯ як моҳ дар як хона зиндагӣ кард, аммо боре бо ӯ хилват наҷӯст. Духтар низ аз рӯйи маслиҳатҳои Марго амал карда худро шикастанафсу шармин нишон медод. Ҳарчанд аз хонаи Дилҷӯ то донишгоҳ ҳамагӣ ду қадам роҳ бошад ҳам, Судайс қарор дод, ки духтар бояд ҳунари ронандагиро аз худ намояд. Ман ба Арабистон мераваму ту бошӣ, баъд аз дарс ба мактаби ронандагӣ рафта мехонӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ мегирӣ. Дилҷӯ фармонбардорона розӣ шуду ба Судайс ташаккур гуфт. Бо хатми ҳама корҳои доштааш Судайс ба Дилҷӯ хабар овард, ки субҳи дигар ба ватанаш парвоз мекунад ва имшаб ба тарабхона мераванд. Аммо Дилҷӯ ба Судайс гуфт:-Азизам, ман оши палави тоҷикӣ мепазам, беҳтараш дар хона мешинем. Дилҷӯ он бегоҳ бо маслиҳати Марго як дастархони зебои тоҷикӣ ороста худаш низ либоси зебои миллии тоҷикӣ ба бар намуд. Куртаю поҷомаи атлас, рӯймоли чоргули шил-шиладор, ороишоти миллии тоҷикӣ ӯро ба малики ҳусн монанд карда буд. Дилҷӯ ба Судайс, ки рӯйи кӯрпачаи сабзбахмал бо шеваи тоҷикон якпаҳлӯ зада бо меҳр ба ӯ менигарист чой дода гуфт:- Азизам, намедонам ман чӣ гуна баҳои ин қадар ғамгусориҳои туро медода бошам? Намедонам ту барои чӣ маро ин қадар азизу эрка мекунӣ? Намедонам… вале туро чун як мард дӯст медорам! Бароям боигарӣ, пулу мол, тиллою нефти ту аҳмият надорад, вале туро дӯст медорам! Судайс бо шунидани изҳори ишқи нозанине, ки мислашро на дар миёни фарангиён дида буду на дар урупою ҳинду арабу ландан мардона болида бошад ҳам, посух дод, ки ҳоло барои ин гапҳо барвақт аст. Дили Дилҷӯ ки умеди суханони ширине дошт, ранҷид ва қатраҳои ашк ба рухсораҳои чун себи хубонӣ сурху бо тароваташ рехтанд. Судайс ба Дилҷӯ, ки қатраҳои ашк рӯйи гулбарги зебои оразаш чун марворид таровида ӯро зеботар мекарданд, нигариста гуфт:-Дилҷӯям, ман ҳоло ба гуфтани чунин ҳарфҳо тайёр нестам маро бубахш…. Он шаб Дилҷӯ то субҳ нахобид, дили ӯро сагони бадхашми гумону шубҳа тала мекарданд…

                          Бӯсаҳои хайрбодӣ

Субҳ Дилҷӯ барвақтар аз Судайс аз хоб бархост, Марго алаккай омада ошхонаро ба тартиб даровардаю наҳорӣ тайёр намуда буд. Судайс ғайри як финҷон қаҳва чизе тановул накард ва ба Дилҷӯ хайру хуш намуда гуфт:-Ман ба кортат пул гузаронида меистам, ба пули барқу обу дигару дигар корат набошад. Аз дарсат қафо намон, хуб хон… Ҳарчанд Судайс мехост чун ҳарвақта аз пешонии Дилҷӯ бӯсад, вале духтар бо нуги панҷаҳояш баланд шуда лабони бӯсахоҳашро ба лабони араби мағрур гузошт. Ин рафтори духтар яхи ғурури мардро об карду ӯро танг ба оғӯш кашида аз лабонаш пайи ҳам чанд бӯса гирифт. Ин «ҷавоб» ба Дилҷӯ хуш омаду бо меҳрубони рухсораҳои Судайсро сила карда Худоҳофизӣ намуд….

(ДАВОМ ДОРАД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Гулчеҳра ҳе 2023-06-18, 23:50
давоми шавҳари миллионерро гкзоред
Посух
Гулчеҳра 2023-06-20, 17:40
давоми шавҳари миллионер гузоред
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Гулчеҳра ҳе 2023-06-18, 23:50
давоми шавҳари миллионерро гкзоред
Посух
Гулчеҳра 2023-06-20, 17:40
давоми шавҳари миллионер гузоред
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД