Arzon march 2024
Ёде аз бибии афсонагӯ
738

Асалбегим Саодатова, ки дар хотираҳои кӯдакони замони шӯравӣ ҳамчун бибии афсонагӯ нақш бастааст,  4 ноябри соли 1950 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Агар умр вафо мекард, имрӯз ба синни мубораки 72 солагӣ қадам мениҳод. 

Мо аз хазинаи Оила суҳабтеро бо шодравон Асалбегим Саодтова, Ҳунарпешаи театр ва кино, яке аз созмондиҳандагони театри “Ҷавонон” пешниҳоди шумо хонандагони азиз мегардонем. 

Ному насаб: Асалбегим Саодатова

Касб: Ҳунарпешаи театр ва кино, яке аз созмондиҳандагони театри “Ҷавонон” ба номи Маҳмудҷон Воҳидов.

Маълумот: олӣ, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А.В. Луначарский.

Нақши беҳтарин: Аҷузкампир аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!”

Шарораи хотираҳо

Писандидатарин намоишномаи мо, кӯдакони даврони Шӯравӣ “Алифбоҷон, Алифбо” буд ва ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе бачаҳо саршавии ин намоишро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ин намоишномаи телевизионӣ ҳамагӣ 4 қаҳрамон дошт: Пиёз, Ғиёс, Қандалот ва Аҷузкампир. Ёд дорам, агар ягон шӯхию бозии ноҷо мекардем ё то дер хоб намерафтем, модарам моро тарсонда мегуфт: “Хап кунед, ки ҳозир Аҷузкампир омада шуморо мехӯрад!” Номи Аҷузкампирро шунида, ба танамон ларза меафтид ва дарҳол ором мешудем. Пас аз ин намоишнома садҳо мултфилм ва намоишномаҳои ҳаҷвии кӯдаконаро тамошо карда бошам ҳам, танҳо Аҷузкампир дар хаёлам нақш бастааст. Гумон мекунам, на танҳо ман, балки ҳар кӣ аз даврони советӣ як қатра об хӯрдааст, ин персонажи аҷиби афсонавиро ёд дорад ва Аҷузкампирро бо табассум ба ёд меорад.

Дар арафаи Соли нав мо бо офарандаи ана ҳамин нақши хотирмон, ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Асалбегим Саодатова ҳамсуҳбат шудем.

-Қабл аз ҳама шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи аҳли қалам ва хонандагони сершумори ҳафтаномаи “Оила” муборакбод мегӯем!

-Ташаккур! Миннатдорам, ки дар арафаи иди дӯстдоштаи кӯдакон Соли нав маро ба ёд овардед. Аслан, Соли навро бе Аҷузкампир тасаввур кардан имкон надорад. Ин персонажи афсонавӣ қариб дар тамоми кишварҳо вуҷуд дорад ва новобаста ба ҳама бадкирдориҳояш бачаҳо Аҷузкампирро дӯст медоранд.

-Замони кӯдакии мо телевизион як намоишномаи бисёр аҷиби кӯдакона дошт, ки “Алифбоҷон, Алифбо” ном дошт. Ростӣ, ин намоишномаро бисёр дӯст медоштем, вале вақте Аҷузкампир бо мӯйҳои парешон ва бинии калони суп-сурхаш пайдо шуда, Пиёз, Ғиёс ё Қандалотро дуздида мебурд, ба даҳшат меафтидем. Метарсидем, ки ҳозир Аҷузкампир аз даруни телевизор баромада моро мехӯрад. Баъди бузург шудан фаҳмидем, ки Аҷузкампир танҳо афсона будааст ва ин нақшро актрисаи машҳур Асалбегим Саодатова мебозидааст. Чаро ба шумо барин зани зебо ягон нақши дигар нею маҳз Аҷузкампирро доданд?

-“Алифбоҷон, Алифбо” дар телевизион аз соли 1985 оғоз ёфта, то соли 1995 ҳар ҳафта манзури тамошобинони хурдакак мегашт. Он вақт телевизион бо театр ҳамкории наздик дошт ва мо бо дили гарм ба кор часпида, кӯшиш мекардем, ки ҳар як намоишномаамон аз пештарааш беҳтару аҷибтар барояд. Азбаски афти Аҷузкампир безеб, биниаш дароз ва овозаш хиррӣ буда, бо ҷорӯбаш парвозкунон кӯдаконро метарсонд, касе ба бозидани ин нақш розӣ нашуд. Ман эҳсос кардам, ки бе Аҷузкампир намоишнома дилгир мебарояд ва бо вуҷуди бадафт буданаш пайдо шудани Аҷуза дар экран барои бачаҳо шавқовар аст, аз ҳамин хотир ба бозӣ кардани ин нақш розӣ шудам.

-Вақти бозидани ин нақш шуморо гримм мекарданд, бинии дарози хандаовар мечаспонданд, парику либосҳои махсуси саҳнавӣ мепӯшидед. Дар кӯча кӯдакон шуморо мешинохтанд ё бепарвоёна гузашта мерафтанд?

-Мешинохтанд. Кӯдакони кӯчаи худамон маро дидан баробар “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад” гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад...

-Фарзандонатон аз он ки нақши Аҷузкампирро бозӣ мекунед, норозигӣ намекарданд?

-Шумо ин саволро додеду як ҳодисаи аҷиб ба ёдам омад. Як рӯз вақти писарамро ба боғча бурдан, гиря карда, тавалло намуд, ки дигар Аҷузкампир нашавед. Сабабашро пурсидам. Писарам сарашро хам карда гуфт: “Ҳама маро бо ангушташон ба якдигар нишон дода, ана бачаи Аҷузкампир мегӯянд!” Рӯзе писарам аз дарвоза баромада рафтанӣ мешаваду кадом як корманди боғча инро дида дод мезанад, ки ҳамон бачаро гардонед. Дарбон кадом бачаро гуфта пурсад, мегӯяд, ки бачаи Аҷузкампирро. (Механдад)

-Ин гапҳоро шунида хафа намешудед?

-Баръакс хурсанд мешудам, ки нақши ман дар дили мардум маъво гирифтааст. Акнун фарзандонам ба камол расида, одамони ҷиддӣ ва соҳибкасб шудаанд. Писарам дар Русия кор мекунад. Рӯзе бо як тоҷик вомехӯрад ва суҳбати ҳардуяшон қӯр мегирад. Аз шаҳри Душанбе будани писари маро фаҳмида, он ҷавон кӣ будани падару модарашро пурсон мешавад. Писарам падару модари ман ҳунарманданд гуфта, номи моро мегирад, вале он ҷавон “ин хел актрисаро намешиносам” гӯён, китф дарҳам мекашад. Писарам хандида “Ман писари Аҷузкампир ҳастам” гуфтааст. Пас аз ин он ҷавон маро ба ёд оварда гуфтааст, ки дар кӯдакиам аз Аҷузкампир мурданивор метарсидам.

-Гуфтагӣ барин, шумо ва ҳамсаратон ҳарду ҳунарманд ҳастед. Якдигарро дӯст дошта гирифтед?

-Дар давраи донишҷӯӣ танҳо дӯст будем ва байнамон ягон хел муносибатҳои ошиқона набуд. Танҳо баъди ба театр ба кор омадан ба ҳамдигар дилбастагӣ пайдо намуда, риштаи тақдирамонро пайвастем.

-Шумо зану шавҳар ҳарду одамони машҳур ҳастед. Зиндагиатон шоҳона мегузаштагист?

-Театр ягон вақт пул надошту надорад. Ҳар чизе, ки Худованд ба мо ризқу рӯзӣ дода бошад, ҳамонро мехӯрем.

-Аксари ҳунармандони хориҷӣ бо вазидани шамоли бозсозӣ ба бизнес сар карданд ва даромади хуб ҳам мегиранд. Кӯшиш накардед, ки ягон бизнеси оилавӣ кушоед?

-Ҳунарманди асил ҳеҷ вақт савдогар шуда наметавонад, барои он ки пул ва санъат ду чизи комилан мухталиф ҳастанд. Ба ишқи пул гирифтор шуда инсон метавонад тамоми муқаддасоти оламро аз ёд барорад, барои ҳамин ман ҳеҷ гоҳ аз паси сарвату боигарӣ надавидаам ва давиданӣ ҳам нестам.

-Кадоме аз фарзандон роҳи шуморо пеш гирифтанд?

-Ман ду писар дорам, вале ягонтоашон роҳи моро интихоб накарданд. саодат

-Агар имрӯз намоишномаи “Алифбоҷон, Алифбо”-ро эҳё намуда, аз шумо хоҳиш кунанд, ки боз нақши Аҷузкампирро бозӣ кунед, розӣ мешавед?

-Ман бо ҷону дил розӣ мешудам, чунки кӯдакон торафт аз олами афсона дур шуда истодаанд. Дур намеравем, набераи ман, ки нав чорсола шудааст, аз боғча омада ба ҷойи кӯдакона давутоз кардан телефонро ба даст мегирад ва соатҳо аз экран чашмашро намеканад. Мабодо ӯро тарсонданӣ шуда, Аҷузкампир туро мехӯрад гӯям, бепарвоёна даст афшонда мегӯяд, ки ин гапҳо ҳамааш афсона асту ягон хел Аҷузкампир вуҷуд надорад. Албатта аз технологияҳои муосир бохабар будани кӯдакон хуб аст, вале онҳоро аз афсона набояд дур кард. Афсона кӯдаконро бо баду неки дунё ошно карда, бовар мекунонад, ки некӣ ҳамеша ғолиб меояд. Афсона бачаҳоро дар руҳияи одамгарӣ тарбият мекунад.

-Дар Соли нав ба мухлисони ҳунаратон чӣ таманно доред?

-Соли 2018 соли яке аз вафодортарин ҷонварони рӯйи олам-саг аст. Орзуманди он ҳастам, ки мардуми тоҷик ба Ватани худ, ба миллати худ ва ба оилаи худ содиқу вафодор бошанд. Соли наватон муборак!

Суҳбаторо Маҳинаи Давлат 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД