arzon replenishment
Ёде аз Қурбоналӣ Абдуллоев
589


Имрӯз аз марги ҷигарсӯзи ҳунарманди нотакрори тоҷик, ҳофизи булбуловоз Қурбоналӣ Абдуллоев расо 3 сол сипарӣ гашт.

Қурбоналӣ Абдуллоев соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1987 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм намуда буд ва то нафаси охирин ҳамчун ҳунарманди асил тамоми ҳастиашро барои рушду намӯъи санъат ва фарҳанги тоҷик бахшид.

Ҳарчанд тӯли 20-25 соли охир дар Тоҷикистон таронаҳои эстрадӣ дар мӯд бошанд ҳам, Қурбоналӣ Абдуллоев бештар ба суруду оҳангҳои мардумӣ рӯ оварда, таронаҳои халқиро бо сабку услуби хоси худ басо ширин месуруд.

Ҳамин буд, ки таронаҳои дилчаспи ин ҳунарманди хушзавқ "Қишлоқаки ман", "Аввалин ишқам ту будӣ", “Армони модар”, "Санамо", "Чашмам масти ту бошад", “Лайло", "Душанбе" ва дигар сурудҳои гӯшнавозаш дар дили ҳазорон-ҳазор дӯстдорони санъати асил маъво гирифта, номи Қурбоналӣ Абдуллоев вирди забони хурду калон гашт.

Ин овозхони маъруф муддати 30 сол рӯйи саҳнаи ҳунар буда, то соли 2014 дар ансамбли "Дарё"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият менамуд, вале баъдан ба шаҳри Краснодари Русия кӯчид.

Моҳи марти соли 2020 Қурбоналӣ Абдуллоев тарки саҳна намуд ва гӯё сарнавишти талхашро пешакӣ эҳсос мекард, ки тамоми мухлисонаш бахшиш пурсид.

“Ман хеле фикр карда, ба хулосае омадам, ки саҳнаро тарк хоҳам кард. Ин қарори ман қатъист. Сидқан ба тамоми ҳамкасбон ва мухлисонам миннатдорӣ баён мекунам. Аз тамоми шахсоне, ки хоставу нохоста дили онҳоро озор додаам ё ранҷондаам, талаби бахшиш мекунам. Умедворам, ки гуноҳҳои бандаро авф мекунед. Худованди меҳрубон нигаҳбонатон бошад”-навишта буд рӯзи 12- майи соли 2020 Қурбоналӣ Абдуллоев дар саҳифааш дар Фейсбук.

Ин марди ҳунар муддати як сол аз дард ранҷ мекашид ва ду моҳи охир дар беморхонаи касалиҳои сироятии маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт. Ҳамин тавр 11-уми январи соли 2021 Қурбоналӣ Абдуллоев дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Ёдаш ба хайр ва маконаш биҳишти ҷовидон бод!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД