arzon replenishment
Ёди ту ҳаргиз наравад
1072


“Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад...”-ин пора аз як таронаи хеле маъруфи зиндаёд Баҳром Ғафурӣ мебошад, ки то ба имрӯз вирди забони хурду калон аст. Баҳром гӯё пешомади талхашро эҳсос намуда, ин таронаро маҳз дар васфи худаш сурудаааст.

Оре, тақдир ин ҷавони сар то ба по ҳунарро хеле барвақт аз мо рабуда, риштаи умри Баҳром дар айни гулрезию гулбезиҳои умраш ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Баҳроме, ки бо таронаҳои дилнавозаш ба садҳо одамон шодию нишот мебахшид, ҳунарманди нотакроре, ки ҳар ҷо қадам ниҳад, он хона тӯйхона мешуд, овозхони маҳбуб ва машҳуре, ки ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳо буд, дар айни камолоти эҷодӣ, субҳи наҳси 7-авусти соли 2020 ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, ғарқа дар хуни худ бо дили пуроромон ин дунёи фониро падруд гуфта, дар дили модари хунҷигару падари ҷигарсӯхта, зану фарзандони синачоку бародарони мотамзада ва ҳазорон –ҳазор ёру дӯсту мухлису ҳаводорони ҳунараш доғи сӯзоне ниҳод, ки мисли захми носур то абад даво нахоҳад ёфт. Баҳром рафт, вале ёди ӯ ҳамеша дар дили ошиқони ҳунари волояш зинда мемонад.

Дирӯз дар “Кохи Суруш” бо ибтикори “Суруш-медиа” ба поси хотири ин ҳунарманди нотакрор бо унвони “Ёди ту ҳаргиз наравад” маҳфили хотира баргузор гашт. Дар шоми поси хотири Баҳром Ғафурӣ падару бародарон, фарзандон, ёру дӯстон, ҳампешагон ва мухлисони сершумори Баҳром Ғафурӣ ширкат варзида аз Баҳром ҳамчун ҳунарманди нотакрор, дӯсти беҳтарин ва бародари қадрдону падари меҳрубон ёд карданд.

Ситораҳои эстрадаи тоҷик-Зулайхо Маҳмадшоева, Ҷонибек Муродов, Сироҷиддин Фозилов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Валиҷон Азизов, Шаҳзоди Даврон, Рустами Нур, Ҷаҳонгир Зарипов, Ҳабиба Давлатова, Нобовар Чаноров, Шаҳбози Акобир, писарони Баҳром Ғафурӣ-Эҳсону Анушервон Ғафурӣ ва дигарон ширкат варзида, хотироти худро аз замони ҳамнишинию ҳамкориҳои эҷодиашон бо Баҳром Ғафурӣ қисса карданд.

Санъаткорони маъруфи тоҷик таронаҳои гӯшнавозу дилфиреби Баҳром Ғафуриро бозхонӣ намуда, бори дигар собит сохтанд, ки ҳунарро завол нест ва ҳатто марг ҳам наметавонад хотираи як ҳунарманди асилро аз ёду дилу дидаи мардум бизудояд.

Аз марги Баҳром Ғафурӣ аллакай қариб се сол гузашта бошад ҳам, ҳунари воло ва таронаҳои ҷовидонааш ёди Баҳромро ҳамеша дар дили ошиқони санъати асил зинда хоҳад дошт. Беҳуда нагуфтаанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД