arzon replenishment
Эмомалӣ Раҳмон: Ба ҷойи дастархони зоҳирпарастона хайр кунед
544

 

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми тоҷикро бо Иди Рамазон табрик гуфтанд.

Дар паёми шодбошӣ зикр шуд, ки дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми Иди саиди Фитр ҳар фарди бедордил кӯшиш менамояд, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.

“Тибқи аҳкоми шариат, ҳар бандаи муъмин ва эътиқодманд маҳз барои он хайру садақот мекунад ё амали неке анҷом медиҳад, ки дар номаи аъмолаш навишта мешавад ва баъд аз марг, яъне дар охират боиси саодат ва растагории ӯ мегардад”,- илова намуданд Президенти мамлакат.

Ҳамчунин, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки беҳтар аст фарзанди солеҳ макони зисти ятиме, оилаи бесаробонмонда ё камбизоату маъюберо обод созад, роҳеро таъмир намояд, ба маҳаллае об барорад, дар бунёди муассисаи таълимиву тиббӣ ё дар таъмири он саҳм гузорад, бо ташкили коргоҳе ҷойи кор таъсис диҳад ё дигар амалеро анҷом диҳад, ки ба дигарон манфиат бахшад ва савоби ҷория дошта бошад, зеро ин корҳо нисбат ба баргузории ҳар гуна маъракаҳои ёдбуд, оростани дастархони зоҳирпарастона ва исрофкорӣ, албатта, савоби бештар доранд.

«Дар ин бобат Худованд дар ояти 160-уми сураи Анъом ба таври мушаххас мефармояд: «Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, подоши ӯ даҳ баробар аст…»,- таъкид карданд Президенти мамлакат.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат аз мардум даъват намуданд, ки дар зиндагӣ кӯшиш намоянд амалҳои хайри ба манфиати ҷомеа равонашуда ва ба рушди донишу маърифат нигаронидаро анҷом диҳанд ва муҳимтар аз ҳама, ба падару модари худ хизмат кунанд, ризоият ва дуои неки онҳоро гиранд, то ин ки умри бобаракат бинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД