35 years of independency
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Корея рафтанд
15.09.2026
Оила
30

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Корея рафтанд

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.
Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати баландпояи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад. Ба ҳайат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии содирот, инчунин роҳбарони Хадамоти гумрук ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ шомиланд.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея ва рушди муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Корея баррасӣ хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД