arzon replenishment
Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакон мизи идона орост
421


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Судғ дар шаҳраки Гулистон бо кӯдакони ятим вохӯрда, ба хотири шод гардонидани дили ин тифлакон барояшон дастурхони идона орост...

Вохӯрии Пешвои Миллат бо бачаҳо хеле гарму ширин гузашт. Кӯдакони ятим, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, дар сари дастурхони пурнозу неъмат бо табъи болида иди наврӯи оламафрӯзро ҳамроҳи сарвари давлат таҷлил намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин тифлакон сару либос, китоб ва шириниҳои зиёде тақдим намуда, насиҳат кард, ки хубу аъло бихонанд ва махсусан ба омӯзиши забонҳои хориҷи диққат диҳанд.

Пас а мулоқот бо ятимон сарвари давлат дар маросими кушодашавии боғчаи нави бачагонаи “Баҳор” ва коргоҳи нави қолинбофӣ дар назди фабрикаи “Қолинҳои Қайроқум” шикарт варзид.

Кӯдакистони “Баҳор” бо тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин буда, барои 240 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД