formula
Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди фитр дили ятимонро шод гардонд
483

 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ҷиҳати расонидани тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиягирандагони мактаб - интернатҳо, ки тайи чанд рӯз идома дорад, бо ҷараёни сохтмони бинои нави мактаб - интернати шаҳри Истаравшан шинос гардида, ҳамзамон аз вазъи хобгоҳу китобхона огоҳ ва бо тарбиягирандагони ин муассиса суҳбати самимӣ доир намуданд.

Гуфта шуд, алҳол дар мактаб - интернат 106 нафар тарбиягирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар доираи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати бунёди бинои нави таълимӣ барои тарбиягирандагони мактаб - интернати шаҳри Истаравшан хишти аввал гузошта шуда, дар ин самт аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД