Шурои илмии Донишгоҳи Корея ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори фахрӣ тақдим кард.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 17-уми сентябр зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олии Кореяи Ҷанубӣ суханронӣ карда, аз нақши илму маориф дар рушди кишвар ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея ёдовар шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз 350 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунанд ва шумораи довталабони тоҷик барои таҳсил дар ин кишвар сол ба сол меафзояд.
Президенти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки Душанбе ба идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар, инчунин таҳкими табодули академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ манфиатдор аст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳоло беш аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар муассисаҳои олии қариб 50 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.
Зикр гардидааст, ки дар 35 соли Истиқлол шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз 13 ба 51 расида, теъдоди донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 230 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.