arzon replenishment
Энгин Акюрек Ҷонни Депро мағлуб кард?!
1374

Энгин Акюрек, ҳунарманди ҷавон ва овозадори синамои турк дар озмуни “Марди сол” ғолибият ба даст оварда, ҷаззобтарин марди соли 2021 эътироф карда шуд.

Дар ин озмун Энгин Акюрек тавонист як қатор ҳунармандони машҳури “Голливуд”-ро мағлуб намуда, бо ҷозибаи мардонаи худ аз ситораҳои амрикоиву аврупоӣ пеш гузарад. Дар ин озмун, ки ҳамасола аз ҷониби сомонаи машҳури мӯд Be Global Fashion Network гузаронида мешавад, зеботарину машҳуртарин мардон аз Аврупо, Амрико ва кишварҳои шарқӣ ширкат доштанд, аммо ситораи синамои турк Энгин Акюрек дар маҷмӯъ 32,34 овозҳоро ба даст оварда, аз Ҷонни Депп ва Адам Ламберт пеш гузашт ва “Ҷаззобтарин марди соли 2021” дониста шуд.

Ситораи “Голливуд” Джонни Депп дар озмуни мазкур бо 24,80% овозҳо дар зинаи дуюм қарор гирифта, ба Адам Ламберт танҳо зинаи сеюм насиб гардид.

Энгин Акюрек 40-сол дошта, аз зумраи ҳунармандони хеле машҳур ва муваффақи Туркия ба шумор меравад. Энгин Акюрек дар филмҳои зиёде нақш офарида бошад ҳам, бештар сериалҳои “Фотимагул” ва “Духтари сафир” ба ҳунарманд шуҳрат овардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД