arzon replenishment
Эркин аз Туркия бо медали тилло баргашт
825


Варзишгарон парчамбардор ва ифтихори миллатанд. Онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бо ба даст овардани ғолибият обрӯю нуфузи кишварро боло бурда, боиси садо додани суруди миллӣ ва парафшон гаштани парчам дар даҳҳо кишвар мегарданд.

Эркин Эҳромзода низ ҳаёти худро ба варзиш бахшида, мудом талош менамояд, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолибият ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар назди намояндагони дигар мамлакатҳо парафшон гардонад.
Эркин Эҳромзода ҳамагӣ 18-сол дошта, дар Ҷоми Ҷаҳон , ки дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия, моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардид, ғолибиятро ба даст овард ва сазовари медали тилло гашт.

Қаҳрамони мо дар бораи чӣ гуна ба варзиш майл пайдо кардан ва дар ин мусобиқа ғолиб омаданаш, чунин қисса кард:

-Ман дар оилаи варзишгар ба дунё омада, ҳанӯз аз замони кӯдакӣ дар назди падарам машқи кикбоксинг (вако) мекардам. Дар мусобиқаҳои зиёди варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзидаам. Дар охирон мусобиқа, ки дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, ғолибият ба даст оварда, сазовори медали тилло гаштам.
Назар ба нақли ин арзишгари ҷавон чунин бармеояд, ки барои ғолиб баромадан дар мусбиқоти варзишӣ тамринҳои зиёде намуда, заҳмати шабонарӯзӣ кашидааст.

-Ман то баргузор шудани мусобиқа тамринҳои зиёд намудам ва боварӣ доштам, ки сазовори ҷойи аввал мегардам. Бо дили пур бо варзишгарони Туркия, Украина Озарбойҷон ва Испания муҳориба намуда, онҳоро мағлуб намудам. Дар ин мусобиқа ман танҳо як ҳадаф доштам-ғолиб баромада, нуфузи варзишгарони тоҷикро баланд бардоштан,-қисса мекунад Эркин.

Ин варзишгари ҷавон мегӯяд, ба худ бовар доштан дар мусобиқа худ нисфи ғалаба аст.
Қаҳрамони мо лаҳзаи эълон кардани ғолибон ва садо додани суруди миллииро чунин қисса кард:
-Вақте дар толори варзишии Туркия суруди миллиамон садо дод ва парчами кишвари азизамон боло шуд, маро эҳсосоти аҷибе фаро гирифт. Албатта парафшон шудани парчами Тоҷикистон дар байни кишварҳои зиёд ба кас нерӯи тоза мебахшад!

Эркин Эҳромзода ният дорад дар мусобиқаҳои минбаъда низ ширкат варзида, ғолиб барояду парчами Тоҷикистонро парафшон намояд. Ӯ ҳамчунин нақша дорад, ки таҳсилашро дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ идома дода, ба ҷавонон ҳамчун мураббӣ нозукиҳои ин навъи варзишро ёд диҳад. Эркин мехоҳад дар шаҳри Истаравшан толори варзишии хусусии худро таъсис дода, шогирдони зиёдеро тарбия намояд, то онҳо низ давлату миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Мо ба ин варзишгари ҷавон муваффақиятҳои нав ба нав орзу дорем.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД