Arzon march 2024
Эроди Ғиёсов аз китобҳои дарсии фанҳои биологӣ ва таҳрири илмиву имлоии онҳо
431

Дирӯз таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда, иштирок намуданд.

Дар ин хусус маркази матбуоти вазорат хабар дод.
Дар ҷаласа масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида ва “Арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои биологӣ” мавриди муҳокима қарор гирифт.
Муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода масъалаи ҷиддан аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои экспертӣ арзёбӣ шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои муаллифони китобҳои дарсиро таъкид намуд.

Вобаста ба масъалаи “Арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои биологӣ” доктори илмҳои биологӣ, профессор, раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанҳои биологии Шурои миллии таҳсилот Таваккал Ғиёсов суханронӣ карда, такмили муҳтавои барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои биологиро муҳим арзёбӣ намуд.

Номбурда изҳор дошт, китобҳои дарсии фанҳои биологӣ, аз он ҷумла, ботаника, зоология, экология ва биология дар заминаи китобҳои дарсии давлатҳои дигар таҳия шуда, дар онҳо аз намояндагони фауна ва флораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хонандагон онҳоро дар табиати маҳалли зист мушоҳида карда метавонанд, камтар истифода шудааст. Забони китобҳои дарсии фанҳои биологӣ ва таҳрири илмиву имлоии онҳо низ ба бознигарӣ ниёз дорад.

Ғиёсов пешниҳод намуд, ки барномаҳои таълимии фанҳои биологӣ барои синфҳои 5 – 11 бо ҷалби муаллифони китобҳои дарсӣ, мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони пешқадами муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва гимназияву литсейҳо, инчунин ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фуруғи маърифат” баррасӣ карда шавад ва нашри нави китобҳои дарсии ин фанҳо дар заминаи барномаҳои таълимии аз нав мураттабгардида ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки аз тарҷумаи китобҳои дарсии бо забони русӣ таълифшуда даст кашида, дар асоси таҳлили тамоми китобҳои дарсӣ, маводҳои илмӣ ва дастовардҳои биологияи муосир, инчунин таҳқиқоти олимони ватанӣ насли нави китобҳои дарсии фанҳои табиатшиносӣ таҳия карда шавад.

Дар охир аз ҷониби муовини якум Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм таҷдиди назар намудани адабиёти таълимӣ, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, даст кашидан аз нашри такрории китобҳои дарсии амалкунанда ба мураттибону муаллифон ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳо дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД