goodwell
Фарбеҳӣ ва хатари он
84

Масъалаи фарбеҳӣ ва хатари он яке аз мавзуҳои мубрами замони мо шудааст. Зиёд шудани ин маризӣ то ҳадде нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси ғизои солим ва пешгирии фарбеҳиро таҳия ва қабул намуд.

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шумораи одамони гирифтори вазни зиёдатӣ сол ба сол меафзояд. Мутаассифона, дар мамлакати мо низ гирифторони бемории фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудаанд. Фарбеҳӣ - ин бетаваҷҷуҳӣ ба масъалаи зоҳирӣ нест, яъне идомаи он омиле мебошад, ки метавонад боиси пайдоиши бемориҳои гуногун гардад.

Фарбеҳӣ чист?

Фарбеҳӣ ҳолатест, ки дар организм миқдори зиёди равған ҷамъ шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Сабаби асосии он вайрон шудани тавозуни байни нерӯи гирифташуда аз ғизо ва нерӯи сарфшавандаи организм мебошад. Вақте инсон бештар аз ниёзи бадан ғизо истеъмол мекунад ва фаъолияти ҷисмонӣ кам аст, вазн зиёд мешавад.

Сабабҳои асосии фарбеҳӣ кадомҳоянд?

Омилҳои зиёде метавонанд ба фарбеҳӣ оварда расонанд, аз ҷумла истеъмоли зиёди хӯрокҳои равғанин ва шириниҳо, камҳаракатӣ ва кори нишасти идоравӣ, низоми нодурусти ғизохӯрӣ.

Ирсият, стресс ва камхобӣ ва баъзе бемориҳои гормонӣ ҳам муҷиби фарбеҳӣ мегарданд.

Имрӯзҳо бисёр одамон вақти зиёдро пушти компютер ё телефон мегузаронанд ва ҳаракати ҷисмонӣ коҳиш ёфтааст. Ин ҳолат махсусан миёни кӯдакон ва ҷавонон, минҷумла занони ҷавон бештар ба назар мерасад.

Фаромӯш набояд кард, ки оқибатҳои фарбеҳӣ нигаронии дигарро ба бор меоваранд. Фишорбаландии хун, бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, хастагии зуд ва паст шудани қобилияти корӣ аз шумори ҳамин бемориҳо дониста мешаванд.

Ғайр аз ин, фарбеҳӣ ба ҳолати равонии инсон низ таъсир мерасонад.

Аз ҳамин хотир, ҳар тавре набошад, бояд онро пешгирӣ кард.

Пешгирии фарбеҳӣ аз риояи тарзи ҳаёти солим оғоз меёбад. Барои нигоҳ доштани вазни муътадил тавсия дода мешавад:

1. Ғизои солим истеъмол намоед

Бештар сабзавот, мева, маҳсулоти табиӣ ва ғизои камравған истифода баред. Истеъмоли нӯшокиҳои ширин, таомҳои тезтайёр ва маҳсулоти ордиро маҳдуд кунед.

2. Фаъолияти ҷисмониро зиёд намоед

Ҳар рӯз ҳадди ақал 30 дақиқа роҳгардӣ, варзиш ё машқҳои сабук барои саломатӣ муфид аст.

3. Реҷаи дурусти хобро риоя кунед

Камхобӣ фаъолияти мубодилаи моддаҳоро вайрон намуда, иштиҳоро зиёд мекунад.

4. Аз стресс дурӣ ҷӯед

Бисёр одамон ҳангоми асабоният зиёд хӯрок мехӯранд. Барои ҳамин, истироҳат ва оромии равонӣ муҳим аст.

5. Аз муоинаи тиббӣ гузаред

Дар ҳолати зиёд шудани вазн ба табиб муроҷиат кардан зарур аст, зеро баъзан фарбеҳӣ ба бемориҳои дохилӣ вобаста мебошад.

Фотима ФАЙЗУЛЛОЗОДА,

директори Маркази саломатии “Харангон”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД