Фармондеҳи Нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон Дарёбон Алиризо Тангсирӣ зимни ҳамлаи Исроил кушта шудааст.
Ҳанӯз 3 рӯз қабл Вазорати мудофиаи Исроил эълон намуда буд, ки Дарёбон Тангсириро ҳадаф қарор додааст. Имрӯз бошад, Сипоҳи посдорони Эрон хабари марги фармондеҳи нерӯҳои дарёияшро тасдиқ намуд.
Гуфта мешавад, ки фармондеҳи нерӯҳои дарёии Эрон ҳангоми сомондеҳиву тақвияти нерӯҳо ва тақвияти сипари дифоии ҷазираҳову соҳилҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифта, бар асари ҷароҳат бардоштан ба шаҳодат расидааст.
Дарёбон Алиризо Тангсирии 64-сола аз моҳи августи соли 2018 фармондеҳи Нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони Эрон буд. Ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷойи ӯ ба ин вазифа кӣ таъин шудааст.