toyota motors
Фарзонаи Эмомалӣ рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд
235

Фарзонаи Эмомалӣ, фарзанди фарзонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии профессор Зоир Набиев рисолаи илмиашро ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои тиб гашт. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

“Рисолаи номзадии Фарзонаи Эмомалӣ ба масъалаи муҳим барои хизматарасонии ёрии тиббӣ-санитарии аввалия, яъне такмил додани хизматрасониҳои ҳамгироишудаи тиббӣ-иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ бахшида шуда, таҳти роҳбарии Набиев Зоир Нарзуллоевич, доктори илмҳои тиб, профессор, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда шудааст”,- навиштааст манбаъ.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Фарзонаи Эмомалӣ дар 15 мақолаи чопӣ дарҷ гардида, 9 адади онҳо бевосита ба мавзуи рисолаи илмӣ бахшида шудаанд.

Фарзонаи Эмомалӣ соли 2020 факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, соли 2022 ординатураи клиникӣ бо ихтисоси бемориҳои кӯдакона ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ бо дипломҳои аъло хатм намудааст. Аз соли 2021 ба ҳайси мутахассиси Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор мекард ва соли 2025 сардори ин раёсат таъин гашт.

Фарзонаи Эмомалӣ 27 сол дошта, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва модари як фарзанд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД