formula
Фазилатҳои рӯза доштан баъди Иди саиди Фитр
814

 

Аксари мардуми мо баъд аз рӯзи иди Фитр, шаш рӯзи дигар рӯза мегиранд, ки он ба моҳи Шаввол рост меояд. Мехостам дар ин маврид маълумот диҳед.

САМИРА, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дар тариқи адои рўзаи моҳи шаввол ҳар кас ихтиёр дорад, метавонад онро пай дар пай ба ҷо оварад ё ки ҷудо-ҷудо, инчунин метавонад дар ҳар даҳаи ин моҳ ду рўз рўза дорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки касе баъд аз рӯзаи моҳи Рамазон шаш рӯзи аввали моҳи Шаввол бевосита рӯза дорад, гӯё як соли пурра рӯзадор аст. Ҳар нафаре, ки 30 рӯзи моҳи Рамазон рӯза медорад, гӯё сесад рӯз савоби рӯза доштанро дарёб мекунад. Шаш рӯз аз моҳи шаввол рӯза дошта бошад, шаст рӯз савоби рӯза доштанро ёбад.

Аз рӯи ояи карима савоби яксола рӯзаро дар дафтари аъмолаш навишта менамоянд.

Паёмбари Худо (с) фармуданд: ҳар кӣ баъд аз тамом шудани рӯзаи моҳи Рамазон шаш рӯз пай дар пай аз моҳи Шаввол рӯза дорад, аз гуноҳ чунон пок гардад, ки гӯё аз модар нав таваллуд ёфта бошад.

Имсол оғози моҳи шаввол ба 10 апрел рост меояд ва тибқи сарчашмаҳо хоҳишмандон метавонанд аз 11 апрел рӯза доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД