shoh palace
Фестивали бузург дар аквапарки “Кули Душанбе”
1901

 Ин тобистон равшантару хотирнишон мегардад. Зеро дар бузургтарин аквапарк дар Осиёи Миёна, ки “Кӯли Душанбе” ном дорад, аз оғози моҳи июн фестивали мусиқӣ баргузор мегардад. Мо дар бораи нақшаҳои чорабиниҳо бо заминагузорони ин фестивал суҳбат намудем.

photo_2019-08-27_11-56-40 (3)

Онҳо дар суҳбат бо мо атрофи туҳфаҳои ғайричашмдошт, бозиҳои гуногун, рақсу суруд бо иштирокчиёну меҳмонон маълумот доданд.  

Баҳодур Дадабаев, яке аз ташкилкунандагони фестивал, ки аз соли 2014, дар риштаи таблиғу раҳнамоӣ фаъолият дошта, бо брендҳои машҳури ҷаҳонӣ дар доираи Агентии рекламавии TAG ва аз соли 2016 ҳамчун баргузоркунандаи чорабиниҳо дар доираи муаррифии маҳсулот саҳми назаррас дорад, мебошад. То баргузории чорабини рӯзҳои башумор мондааст. Атрофи баргузории ин чорабинӣ суҳбате доштем, бо Баҳодур Дадабаев, ки фишурдааш чунин аст:

 -Мегуфтед, ки ин чорабинӣ кай баргузор мегардад?

photo_2019-08-27_11-57-03

-Чорабинии имсола дуюмин чорабиниест, ки санаи 4 июн, соати 18:00 то 23:00 дар худи аквапарки "Кули Душанбе" баргузор мегардад. Аввалин фистивал тобистони соли гузашта доир гашта буд, ки барои хоҳишмандон метавонанд, ба ин сомона https://musicfest.tj ворид гашта, маълумоти ба худ лозимири пайдо намоянд.

- Дар Фестивали мазкур кадом барномаҳо пешбинӣ шудааст?

-Тибқи барномаи пешбинишуда барои мухлисони савту наво оҳангҳои ҷолибу ҷазоб, туҳфаҳо, дар мавзеи соҳил шабнишинии фарҳангӣ шоу барномаи рақсӣ бо иштироки студияи Нозанин Юльчиева баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин фестивал гурӯҳҳои овозадори "Red Stand Up" ҳунарнамоӣ намуда , хотири ҷамъомадагонро шод хоҳанд гардонд. Барои боз ҳам болида намудани руҳияи тамошобинон ди-джей Rvxin, Jova, Magence, Yellow Yam, Price-Love, меҳмонон аз шаҳри Маскав “Dj Bloody Good”, инчунин, ғолибони озмуни «Во весь голос» Некрӯз Зребунов ва «Central Asia's Got Talent» Фаррух Ҳасанов бо гурӯҳи «Трио» даъват шудаанд.

photo_2019-08-27_11-56-54_1

-Барои ҷавонони болаёқат дар самти фарҳанг ва варзиш барномаҳои махсус пешбинӣ шудааст?

Албатта, барои ҷавононе, ки истеъдоди сарояндагӣ доранду мехоҳанд баромад намоянд, дар доираи фестивал барои ин гурӯҳ майдонеро омода менамоем, то ки ҳунару истеъдоди худро нишон диҳанд.

Ҳамчунин сарпарасти дигари мо “Париматч” барои иштирокчиён барномаи хоси худро омода намудааст, ки имконияти бурди туҳфаҳо хеле зиёд аст. Туҳфаҳоро Фатхулло Фатхуллоев ва Нуриддин Давронов намояндагони "Париматч” ба ғолибон пешниҳод менамоянд, ки шумо онро аз даст нидиҳед. Танҳо дар бозӣ иштирок намуда, соҳиби яке аз туфҳаҳои варзишӣ гардед. Париматч – воқеан ҳам варзиши тоҷикро дастгирӣ менамояд.

Бояд қайд намоям, ки дигар меҳмонони моро ҳавзи калон, аттраксион, хӯришҳо, барои иштирок намудан дар бозиҳо бурди телефон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ аз сарпарастони мо интизори голибон аст.

 

-Аз ин бар меояд, ки барномаи таҳиянамудаи шумо ҳамаи синну солро дар бар мегирад?

Пеш аз ҳама ин фестивал ба самти ҷавонони фаъол, ҷасур равона шудааст. Ҳамчунин барои оилаҳо низ шавқовар хоҳад гузашт.

-Сарпарастони фестивалро номбар карда метавонед?

 

photo_2020-06-13_20-31-16_2Албатта, сарпарасти кулл-ин Somon.tv, Париматч дар Тоҷикистон, шарики алоқа «O Mobile» мебошад. Ҳамчунин, фестивалро Gorilla Energy Drink, iamdifferent, Балтика, Рахш Такси, Оби Шафо Гейзер, Sinbod Park, Nozanin Dance Studio, Red Stand Up,  Jobajo и Lounge & Cafe 13 сарпарастӣ менамоянд.

Шарикони иттилоотӣ бошад, We Project, Вечёрка, Оила, Your.tj, сообщество Dushanbе, New Radio Tajikistan, Europa Plus Tajikistan, Avtoradio Tajikistan, Love Radio Tajikistan мебошанд.

-Баргузор намудани чунин фестивал, ҳамасола дар нақша гирифта шудааст ё?

-Мо мехоҳем, лоиҳаи Фестивали байналмиллалиро таҳрезӣ намуда, майдони васеъро интихоб намоем. Ҳамеша лоиҳаҳои ба монандӣ Burning man, Sensation, Ultra Music Fest, White Festival, Tomorrowland, Фестиваль Холи, Фестиваль Стихия, Dance Music Fest, Жара, Vk Fest назорат мекунем. Чунки чунин лоиҳаҳо барои рушд ва пешрафти фаъолияти мо самараи назаррас дорад.

photo_2020-06-13_20-31-16_1

Хурсандиовар аст, ки дар кишвари мо фестивалу лоиҳаҳо ба монандӣ, Food Fest, Summer Fest, EE Camp, Megafon Life Fest, Атлас Адрас Фест, Tajikistan Fashion Week, ТОП50, Любимая Марка, Football Fest гузаронида мешавад. Биёед дар якҷоягӣ ин самтро рушд диҳем.

-Аз нигоҳи шумо баргузор намудани чунин фестивалҳо чӣ манфиат дорад?

Мақсад аз баргузории чунин фестивал нигоҳ доштани фарҳанги мусиқӣ ва дастгирии сарояндаҳои ҷавон мебошад. Мехоҳем, ҳамасола чунин чорабиниҳоро барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор намояд. Дар оянда нақша дорем, ки ҳар сол дар доираи фестивал барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ва мусиқиро роҳандозӣ намуда, сарояндаву навозандаҳои кишварҳои ҳамсояро низ ҷалб намоем.

 - Хоҳишмандон барои иштирок дар бозиҳои фестивал чиптаҳои шуморо аз куҷо дастрас карда метавонанд?

 

-Нафароне, ки мехоҳанд, вақти худашонро бо мо хуш гузаронанд, яъне дар барномаҳои фестивал ширкат намоянд, чиптаҳоро метавонанд, аз хазинаи аквапарки "Кули Душанбе", дар идораи "O Mobile" бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 55 (нишонӣ: Хадамоти алоқа) бо арзиши 60 сомонӣ харидорӣ намоянд.

Метавонед, ба саволҳои иловагӣ ва ҳамкорӣ ба телефони +992501885339 занг занед ва ё ба почтаи [email protected]. нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД