toyota motors
Фишорбаландии шараёнӣ чӣ хатар дорад?
30.04.2026
Oila.tj
151

Бемории фишорбаландии шараёнӣ, ки онро бо забони тиббӣ “гипертония” меноманд, метавонад мисли “қотили хомӯш” ба ҳаёти инсон зарбаи маргбор зада, касро ба сактаи дил, сактаи мағзӣ ва дигар бемориҳои вазнине гирифтор намояд, ки оқибатҳои нохуш доранд.

Мутаассифона, шумораи гирифторони ин беморӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Тибқи маълумотҳои охир теъдоди мубталоёни фишорбаландии шараёнӣ дар ҷаҳон аз 1,28-1,4 миллиард зиёд буда, тақрибан нисфашон ташхс ва табобати заруриро намегиранд, ҳол он ки сари вақт табобат накардани бемории мазкур ба оризаҳои вазнин, аз ҷумла фалаҷ ё сактаи майнаи сар, сактаи дил ва номураттабии кори дил оварда мерасонад.

Фишорбаландӣ чӣ гуна беморист?

Фишор яке аз нишонаҳои муҳими ҳолати воқеии саломатии инсон аст. Фишорбаландӣ бемориест, ки ба баландшавии фишори шараёнӣ алоқаманд мебошад. Бояд гуфт, ки ҳаяҷон, тарсу ҳарос, қаҳру ғазаб, фаъолияти ҷисмонӣ, кашидани тамоку ва нӯшидани қаҳва метавонанд дар муҳлати кӯтоҳ фишори хунро баланд намоянд, вале дере нагузашта фишор боз дар ҳадди меъёр қарор мегирад, вале шахсоне, ки ба гипертония - бемории фишорбаландӣ гирифтор гаштаанд, фишори хунашон тез-тез аз 140/90 баланд мешавад. Албатта ин ба кори дилу рагҳои хунгард зиён расонида, дар натиҷа вазъи саломатӣ ва ҳолати инсон бад шуда метавонад. Ба гуфтаи мутахассисон, фишори баланди хун натанҳо ба кори дилу рагҳои хунгард ва мағзи сар зиён мерасонад, балки метавонад ба узви босираю биноӣ ва гурдаҳо низ таъсири манфӣ расонад.

Ногуфта намонад, ки поён рафтани фишор низ метавонад хатарнок бошад. Дар ин сурат имкон дорад бофтаҳо бо хун ба пуррагӣ таъмин нагарданд.

Нишонаҳои бемории фишорбаландӣ

Тавре дар оғоз гуфтем, фишорбаландӣ бемории хатарнок буда, метавонад касро ба сактаи дил, сактаи мағзӣ ва дигар бемориҳои вазнин гирифтор созад, бинобар ин, нисбат ба саломатии худ набояд бепарвоӣ зоҳир намуд. Дар сурати пайдоиши нишонаҳои гипертония ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, аз пайи ташхис ва табобат шудан лозим аст.

Нишонаҳои асосии бемории фишорбаландӣ инҳоянд:

1. Дарди сар ва сарчархзанӣ.

2. Суст шудани набзи дил.

3. Сурхшавии рӯй.

4. Бисёр арақ кардан.

5. Ҳис намудани таппиши набз дар сар.

6. Суст шудани хотира.

7. Варам ва омоси рӯй ҳангоми субҳгоҳон.

Киҳо дар гурӯҳи хатар қарор доранд?

Албатта ҳар як шахс метавонад ба гипертония гирифтор шавад, вале дар гурӯҳи хатар афроди зерин қарор доранд:

1. Шахсоне, ки наздикон ва хешу таборашон гирифтори бемории фишорбаландии шараёнӣ мебошанд.

2. Стресс, депрессия, ғаму ғуссаи зиёд метавонад касро ба ин беморӣ гирифтор созад.

3. Вазни зиёд - одамони фарбеҳ бештар ба гипертония гирифтор мешаванд.

4. Камҳаракатӣ метавонад боиси ба бемории фишорбаландӣ гирифтор шудан гардад.

5. Истеъмоли машруботи спиртӣ метавонад ба гипертония бурда расонад.

6. Тамоку ва носкашӣ низ хатари фишорбаландиро зиёд мекунад.

7. Хатари гипертония дар гирифторони бемории диабети қанд ва гурда низ зиёд аст.

8. Ҳомилагӣ - фишори хуни баъзе занҳо маҳз дар ҳамин давра баланд мешавад.

Фишорбаландиро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?

Бештари беморон баландшавии фишори худро ҳис намекунанд. Усули боэътимоди муайян намудани фишорбаландӣ - ин пайваста санҷидани фишори хун мебошад. Нафароне, ки тамоку ё ки нос мекашанд, вазни зиёдатӣ доранд ва ё гирифтори бемории диабети қанд ҳастанд, бояд ҳамеша фишори хунашонро санҷида истанд. Дар сурати 140-90 ва аз ин ҳам зиёд будани фишори хун ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД