goodwell
Фитнагар қисми 2
26

Фитнагар

Қисми 2

Табибону ҳамшираҳои шафқат аз эзобзабонии бибӣ шиква карда буданд, вале Мавзуна бо ҳама забон меёфт.

- Охир онҳо дилшикаста. Бе ин ҳам аз фарзандону пайвандон ранҷидаанд. Қалби табиб бояд мисоли хилъаташ сафед бошад. Онҳо ба меҳрубонӣ ниёз доранд, мӯҳтоҷи меҳранд. Аз суханонашон набояд шиква кард. Балки ба дардашон бо амалу бо сухан марҳам шуд, - мегуфт ба дигарон. Мавзуна ҳоло ба ҳамин утоқ медаромад. Ӯ то ҳол холаро аз наздик надидааст. Чун вақте холаи Замира ба хонаи пиронсолон омад, вай дар рухсатӣ буд. Танҳо аз ҳамкорон дар бораи холаи Замира шунида буд.

Табибон “хола дар зиндагӣ азоби зиёд кашидаанд. Камтар дуруштсухан, ба меҳру муҳаббату таваҷҷуҳи фарзандӣ ниёз доранд" - гуфта буданд.

Мавзуна раҳ ба раҳ андеша карда омад. Фикр мекард, ки чихел дили холаро ёбад. Аз куҷо сӯҳбатро оғоз кунад. Дар бештари маврид дили чунин нафарон нозук мешавад. Бо камтар сухани дурусту нодуруст меранҷанд.

"Мӯйсафед, ки шудӣ зудранҷ мешавӣ. Ҳар майда-чуйдаро фикр карда зиқ мешавӣ. Барои ҳамин бо мӯйсафедон хушмуомила бош. Дуои некашонро гир", - гуфта насиҳат карда буд модари Мавзуна. Дар ҳамин лаҳзаҳо насиҳатҳои модар пеши гӯши Мавзуна ҷарангос мезаданд. Мавзуна ғӯтавар дар фикру андеша дари утоқро кушод.

- Кист? Надаро! - бо қатъият гуфт кампир.

- Ман табибам.

- Ман ба табиб ниёз надорам. Дарде дорам бедаво!

- Ассалому алайкум холаҷон. Умедворам хубу саломатед?

- Алейкум бар салом. Маро масхара мекунӣ? Дастонаму чашмонамро дида боз мепурси ки ҳолам хуб аст? Аҳволамро, ҷоямро дидаву дониста-а? Инҷо магар инсонҳои ҳолашон хуб меоянд?

Ин ҷо дилшикастаҳо, хатокардаҳо, аз зарбаҳои зиндагӣ зарардидаҳо меоянд. Намурдаму ба ҳамин рӯз расидам. Хайриҳат, ки хусуру хушдоманам зани ҳевараму хоҳаршӯям вафот кардаанд. Вагарна ҳоламро дида курта-курта гӯшт мегирифтанд. Аз ҳамин ҷиҳат аз тақдирам розиям, - оҳи сард кашида уфкунон гуфт хола.

- Мавзуна аз якбора ба сухан дарома шикоят кардани хола ҳайрон шуда бошад ҳам худашро гум накард. Чун Замирахола ҳар як ҳарфашро бо оҳанги тезу баланд -баланд ба мухотабаш мегуфт.

- Холаҷони ширинам. Меҳрубонам. Шумо он рӯзҳои вазнини зиндагиро фаромӯш кунед. Давлат пушту паноҳи Шумо. Дар чунин шароити хуб давлати пирӣ ронед. Хушу хурсанд зиндагӣ кунед. Бо аҳли бошандагони ин хонаи меҳр (пиронсолон) дӯсту рафиқи шафиқ шавед. Шумобарин пиразанҳои нуронӣ зиёданд. Бо онҳо суҳбат кунед. Тафти одамро одам мегирадку. Медонед шоири машҳури тоҷик Сайидалӣ Маъмур чӣ гуфтааст?

 Одам ба одам зинда аст,

Мегуфт Модар ҳар замон.

Ман зинда бошам бо Шумо,

Эй одамон, эй одамон.

 - Мавзуна шеърро бо оҳанги зебо хонду хост дастони бибиро молиш дода бӯсад. Замирахола муқобилият накард. Ба лаҳни ширини Мавзуна моту маҳбут шуда монду чизе гуфта натавонист. "Бало баромад ин занак" гуфту монд. Охир баъди ин шеъри зебо чӣ ҳам гуфта тавонад. Аммо пас аз чанд лаҳзаи сукут хола боз ба гап даромад.

- Ҳа одам ба одам зинда аст. Аммо баъзе одамон. Яъне ман барин инсонҳо аз одам дурӣ меҷӯянд. Агар ҳама ҳам ҳикмати суханони шоирро медонист онро шиори худ қарор медод. Одам ба одам зинда аст гуфта аз ҳолу аҳволи ҳам бохабар мешуд. Одам ба одам зинда астро донад ба қадри падару модар, хусуру хушдоман, хоҳару додар, ҳаққу ҳамсоя авсуну хоҳаршуй мерасид. Медонӣ Фарзонаи фариштахислат чӣ гуфтааст?

Одам кам аст одамаконанд ин ҳама,

Натвон гирифт рутбаи Одам ба орият!

Одам. Хайр биё мон. Худатро кӣ гуфтӣ? Журналист?

- Мавзуна аз шеърхониву ҳозирҷавобии хола дар ҳайрат монда табассуме карду ҷавоб дод.

- Не холаҷон, табиб.

- Шеърхониву ширинсуханиятро дида фикр кардам журналист ё нависандаӣ!

- Не холаҷон. Танҳо адабиётро, шеъриятро дӯст медорам. Хайр биёед ҳамаашро як тараф мемонему аз саломатии Шумо ҳарф мезанем. Холаҷон аз саломатӣ чӣ шикоят доред? - Пурсид бо мулоиматии ба худ хос Мавзуна.

- Аз саломатӣ шикоятам бисёр, аммо ба дард даво ҳасту "ба худ карда даво нест".

- Нафаҳмидам!

- Духтарам медонӣ модарам чӣ мегуфт? Ин дунё монанди замин аст, ҳар он чӣ ки киштӣ медаравӣ. Неки кунӣ неки мебинӣ бади кунӣ бадӣ. Монанди бумиранг ҳама чиз бармегардад. Аммо инсон, ки бандаи шири хом хӯрдааст фикр мекунад, ки ҳеҷ гоҳ пир намешаваду доимо дар саодат зиндагӣ мекунад. Аммо ин тавр нест. Ҳатто як сухани ноҷои кас ҳатман ба ҳамон шакле, ки буд бармегардад. Ба ту қиссаи як ғуломеро нақл мекунам. Шояд донӣ аммо ба ҳар ҳол...

Дар замонҳои хеле қадим сарватманде ба бозори ғуломфурӯшӣ меравад. Мебинад, ки ғуломи зебоеро соҳибаш бо нархи арзон фурӯхтанӣ. Сарватманд мепурсад, ки чаро ин ғуломи тануманду зеборо бо нархи ночиз фурӯхтанист? Хӯҷаин дар ҷавоб мегӯяд:

- Айби руҳиву равониву ҷисмонӣ надорад, аммо як одати бисёр бад дорад. Ӯ хабаркашу фитнаангез аст. Байни одамон фитна меандозад.

Мард бо худ андешид, ки ин айб он қадар ҷиддӣ нест ва ғуломро ба хона мебарад. Ғулом чанд сол дар хонаи соҳибаш хизмат кард. Ба боварии онҳо даромад. Ба ҳама меҳрубон буд. Рузе ҳамон хислати ирсияш боло гирифту пинҳонӣ назди соҳибхоназан рафт гуфт:

- Медонӣ, шавҳарат дигар туро дӯст намедорад. Ӯ мехоҳад аз ту ҷудо шавад ва бо зани дигаре издивоҷ кунад. Агар хоҳӣ, ман метавонам дилашро боз ба ту гарм созам.

- Зан дар ғазаб мешавад, охир шавҳарро аз даст додан ба ҷон додан баробар аст. Ӯ бо изтироб мепурсад:

- Чӣ бояд кунам?

Ғулом аз кор додани ҳиллааш хушҳол шуда мегуяд:

- Имшаб, вақте шавҳарат хоб меравад, оромона кордеро гирифта, аз пушти сараш андаке мӯй бигир. Ман онро сеҳр мекунам, то муҳаббаташ нисбат ба ту бештар гардад.

Зани сода ба суханони ӯ бовар карда розӣ мешавад.

Ин ғуломи айёр назди соҳибаш рафта мегӯяд:

- Ман шунидам, ки ҳамсарат ба ту хиёнат мекунад ва нияти куштани туро дорад. Имшаб худро ба хоб зан, аммо бедор бош, то агар ба ту ҳамла кунад, худро наҷот диҳӣ.

Шабона зан, бо нияти гирифтани ду -се мӯйи шавҳар ба хона медарояд. Вай мӯйе аз сари шавҳараш гирифтани шуда, оҳиста бо корд...

 (Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД