Фитнагар
(Қисми 4)
- Оҳиста бо корд ба назди шавҳараш наздик шуд. Аммо мард, гумон мекард, ки ҷони ӯ дар хатар аст. Аз ин рӯ, аз ҷой ҷаҳида, занашро ба қатл расонд. Аз ин ҳодиса хешу табори зан огоҳӣ ёфта мардро ба қатл расониданд...
Ҳамин тавр даҳҳо олам аз як фитнаи ғулом ба ҳалокат расиданд. Муаллифи қиссаро намедонам. Аҳён-аҳён дар хотирам нақш бастааст. То онҷое, ки ба ёдам омад гуфтам.
- Хеле қиссаи мутаасиру ибратбахш. Воқеан бонувони мо доноянд. Аҳли илманд. Мехонанд, меомӯзанд ва барои тарбияи фарзандашон истифода мебаранд.
- Замира барои он ки дандони яккаву ягонааш нанамояд даҳонашро бо дасташ маҳкам пӯшида қиқирросзанон хандид.
- Чаро механдед холаҷон? Ҳайрон шуда пурсид Мавзуна. Дар лабони худаш ҳам табассум ҳувайдо гашт.
- Агар ба тарбияи фарзандам истифода мебурдам ва умуман аз чунин панду насиҳатҳои беминнати бузургон истифода мебурдам магар ҷоям хонаи пиронсолон мешуд.
Эҳҳҳҳҳ духтарам. Ҳарчанд маълумоти олӣ дорӣ ҳанӯз ҳам содаӣ! Ту маро бипурс ки чаро ба ту ривояти ғуломи хабаркаш ба қавле фитнаангезро ба ту нақл кардам?
- Барои чӣ холаҷон. Барои он ки ба ман ибрат шавад. Ё аз ҳамкорону пайвандонам эҳтиёт бошам?
- На ину на он...
- Духтарам рӯзҳои бошуморам мондааст. Худаш ба инсон бовар нест. Хоҳ пир аст хоҳ ҷавон. Аз дасти аҷал, аз чашми аҷал дур намемонад. Аммо мӯйсафедон ба марг як қадам наздиктаранд.
Духтарам ман ба ту дафтареро медиҳам. Фақат пас аз маргам мехонӣ. Намехоҳам ҳама донанд, ки ман аз карда пушаймон шудаам. Намехоҳам дигарон донанд, ки ман ин қадар инсони касифаму имрӯз он чӣ коштаам медаравам.
Ту ба ман маъқул шудӣ. Суханат ширину зебо. Ҳарфҳоят муассир. Чеҳраат ба инсон тасаллобахш. Маълум, ки дониши хуб дориву аз мактаби зиндагӣ таҷрибаи бой дорӣ.
Аслан дафтари хотиротамро ду се сол пеш навиштам. То барои дигарон ибрат шавад. Хостам ба ягон журналист ё нависандае диҳам. Бо обу ранги бадеӣ манзури халқ созад. Мардум хонанду аз ҳаёти талхи ман ибрат гиранд. Аммо агар дар зинда буданам донанд аншуштнамоӣ халқ мешавам.
- Замирахола аз сумкааш дафтареро гирифта ба Мавзуна дод. Мавзуна ҳайрон -ҳайрон ба хола нигариста дафтарро гирифту байни коғазҳои дасташ монд.
Мавзуна холаро аз ташхис гузаронд. Ва то табассум ба хола нигариста гуфт.
- Холаҷон тапиши дилатон мисли дили ҷавони 18 сола барин. Фишоратон ҳам хуб. Фақат фикри зиёд накарда ғаму ғусса нахӯрда бо бошандагони ин хонаи меҳр сӯҳбат карда шинед. Тафти одамро одам мегирадку. Чӣ лозим бошад мана ман тайёр. Тамоми ҳамшераҳои шафқат бо Шумоянд. Мо ба Шумо мисли фарзандатон ҳастем. Нигоҳубин мекунем. Шуморо парвариш мекунем.
Мавзуна ин суханҳоро гуфту аз утоқ баромад.
- Эҳҳҳҳ. Ба ин мӯйсафедон ҳам душвор. Бо чӣ умеду армон фарзанд калон куниву дар охир аз хонаи худат, фарзанди шири сафед додаат аз ту рӯй гардонад. Ҷое шунида будам, ки каждум вақте бордор мешавад фарзандонашро таваллуд намекунад. Балки онҳо модарро хӯрда аз шикамаш мебароянд. Чунин рафтори баъзе инсонҳо айнан ба монанди таваллуди каждум аст. Онҳо бо чунин амалу рафторашон дарун-даруни падару модарро мехӯранд.
- Мавзуна ба фикр фурӯ рафта аз дари утоқаш гузашта рафтанашро надониста монд. Вай аз нав ба қафо баргашту дари кабинеташро кушод.
Ҳавои тозаи утоқ гулҳои рангорангу зебо ҳолатҳои хастагӣ марҳами ҷони Мавзуна мешуд. Хастагиро рафъ мекард. Аз буйи муаттари гул машомаш лаззат мебурд.
Мавзуна хост дафтари додаи Замирахоларо накушояду ба ҷевони китобҳо гузорад аммо...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев