goodwell
Фоҷиа дар корхонаи коркарди тилои “Ганҷи Ваҳдат”-и Хатлон
174

Дар корхонаи коркарди тилои “Ганҷи Ваҳдат”-и Хатлон, ки дар деҳаи Зелолаки ҷамоати деҳоти Шуғнов ҷойгир аст, як нафар ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, ҳодиса соати 02:00-и санаи 9-уми июн сар зада, бо сабаби риоя накардан ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва набаромадан аз уҳдаи рондани нақлиётӣ муҳандисии фронталӣ "мехлопата" Давлатзода М. ба обанбори корхонаи мазкур сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.

“Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро аз об бароварданд ва ба сохторҳои дахлдор супурданд”,- омадааст дар хабар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар робита бо ин ҳодисаи нохуш бори дигар ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар мавзеҳои обӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва махсусан кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД