Commerc banl
Фоҷиаи ҷигарсӯз
388

Хабари нохуши як лаҳзаи телефонӣ тамоми фикрҳоямро ба рӯзҳои ғаму ғӯсса табдил намуд.

Саҳарӣ аз хоб бедор шудам ва нияти хуб кардам, нақша доштам, ки ба бозор меравам, барои харид намудани либоси зимистона. Вале ба муассиса рафтам, соат қариб 11 буд. Яке ба телефон нигоҳ карда мемонам, занг меояд. Бо саросемагӣ ҷавоб додам. Бо садои гиря хабар доданд, ки амакам дар садамаи мехлопата аз дунё чашм пӯшидааст.

Ин хабари нохушро шунида, ба замин афтодам. Ба худ омада, нигоҳ мекунам, дар атрофам талабаҳо ҷамъ шудаанд. Ба ҳоле худамро ба даст гирифта, тарафи роҳи калон давидам. Ба як мошин шиштаму хоҳиш намудам, ки ба ҷойи ҳодиса барад. Рафта расидам. Маро намонданд ба назди трактор равам. Чуноне умедвор будам, ки зинда бошад, аз Худованд хоҳиш кардам, ки зинда бимонад, гиряву нола ягон чизро тағйир накард, гирду атрофаш пури одам буд. Худамро аз онҷо дур гирифтам. Тамоми мардуми деҳа омада, ёрӣ расониданд, мутаассифона мурдаро гирифта ба мошини ёрии таъҷилӣ бароварданд. Фарзандон ва ҳамсараш ин ҳодисаи ваҳшатнокро қабул кардан намехостанд. 3 сол дар шаҳри Маскав буду омада наметавонист ва фарзандон акнун меҳри падариро 19 рӯз шуда буд медиданд.

Як марди софдил, даҳонаш пур аз ханда, аз дасташ ҳамаи ҳунар меомад. Тракторист, ошпаз, дуредгар, таксист, деҳқон, паҳлавон ва ғайра ҳунарҳоро медонист. Қаду қоматаш мисли Алпомиш буд. Барои халқаш хизматҳои бисёр мерасонд. Ҳамин хел инсонро дар як лаҳза аз даст додем, тарки дунё кард, тарки ҳамаи наздиконаш кард.

Барои халқ хизмат карда, дар таъмири канали об ва ҳамвор кардани сангҳои роҳ қурбон шуда, дар роҳи Худованд амонаташро супорид ва шаҳид шуда рафт. Дар рӯзҳои охираш ба одамон хубӣ карда будааст, бо чандин нафарон суҳбати нек кардааст. Ҳеҷ касе бовар кардан намехоҳад аз дунё рафтанашро. Ин на ин ки қисса, аз бандаи хуб як хотираи фаромӯшнашуданӣ монд.

Ман дар охири қисса гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеч гоҳ қалби дигаронро нашиканед. Ин зиндагӣ ба мо як бор дода мешавад. Ҳар як бандаи Худо бо ҳамдигар ғанимат ҳастанд! Ғайр аз марг ҳама чиз роҳи ҳал доштааст. Ба қалби худам ташаккур хондам, ки инқадар дардро пушти сар гузоштам. Қавӣ будан ё мард будан ба шахсият вобастагӣ надорад, ба қалби софу меҳрубонӣ, хуб будан вобастагии калон дорад.

Наргизабонуи НАВБАҲОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД